Ба муносибати Рӯзи дониш дар Турсунзода бо иштироки зиёда аз 3 ҳазор донишҷӯю омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
ТУРСУНЗОДА, 01.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба муносибати Рӯзи дониш дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши тантанавӣ доир гардид, ки дар он зиёда аз 3 ҳазор донишҷӯёну устодони Литсейи касбӣ-металлургӣ, Коллеҷи омӯзгорӣ, Коллеҷи давлатии тиббӣ ва Коллеҷи металлургии шаҳри Турсунзода иштирок намуданд. Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ медиҳад, баъд аз анҷоми ҳамоиш устодону донишҷӯён суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара баргузор гардид, тавассути телевизион тамошо намуданд.
Муовини директори муассисаи давлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода Мавзуна Иброҳимова дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки “мо, омӯзгорону донишҷӯёни муассиса тавассути оинаи нилгун суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба муносибати Дарси сулҳ мустақиман пахш гардид, тамошо намудем. Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ унвон гирифтани якуми сентябр дар худ ҳикмати махсус дорад, ки он бори дигар рӯ овардани ҷомеа ба рушди соҳаи маориф аст. Маълум аст, ки пешрафти мамлакат аз маориф вобастагии калон дорад. Мояи хушҳолии мо аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг, таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба ғамхорӣ зоҳир менамоянд”.
Омӯзгори Муассисаи таълимии давлатии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода Мухлиса Исматзода иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таъкид намуданд, ки «бунёди ҷомеаи солиму рушдёфта маҳз тавассути ташаккул додани илму маорифи пешрафта, ба роҳ мондани таълиму тарбияи мақсадноки ба арзишҳои миллӣ асосёфта, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, муҳайё намудани шароити муосири таълим дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсил, яъне бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани онҳо ва албатта, заҳмати содиқонаи аҳли маориф ва ҳамкориву дастгирии падару модарон имкон дошта метавонад».
Аз ин рӯ мо, омӯзгоронро зарур аст, ки насли наврасро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намуда, онҳоро ҳамчун мутахассисони ба талаботи замона ҷавобгӯ ба воя расонем”.
АКС: АМИТ «Ховар»








ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд






