БА ШАРАФИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ЯК ВАҚТ АЗ ТӮПҲО 30 ШИЛЛИК ПАРОНИДА ШУД. Нахустин бор дар майдони «Истиқлол»-и Душанбе паради ҳарбӣ гузашт
ДУШАНБЕ, 08.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат гузашти низомии қисму воҳидҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор гардид. Қабл аз паради ҳарбӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи дастовардҳои давлати соҳибистиқлол суханронӣ намуданд. Сипас, зимни иҷрои Суруди миллӣ дар як вақт аз тӯпҳо 30 шиллик паронида шуд.
Бояд гуфт, ки паради ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аввалин чорабиние мебошад, ки бо иштироки ҳомиёни Ватан дар майдони «Истиқлол»-и пойтахти мамлакат баргузор мегардад.
Пешвои миллат зимни суханронӣ иброз намуданд, ки «мардуми сипосгузори Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат аз хизмати ватандӯстонаи низомиёни ҷумҳурӣ ва далериву ҷасорати онҳо ба хотири иҷрои рисолати муқаддаси ҳифзи суботу оромӣ, амнияти ҷомеаву давлат, ҳимояи марзу буми давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор менамоянд ва номи неки ҷавонмардонеро, ки ҷони худро дар ин роҳ фидо кардаанд, ҳамеша гиромӣ медоранд. Дар баробари ин, мардум ва давлати Тоҷикистон дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳимоятгарони оромӣ, субот, амният, манфиатҳои милливу давлатӣ, волоияти қонун ва таъмини ҳуқуқи ҳар шаҳрванди мамлакатро мебинанд».
Сарвари давлат ҳамчунин изҳор доштанд, ки эътимоди давлат ва умеди мардум хизматчиёни ҳарбии тамоми ҷузъу томҳо ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро вазифадор месозад, ки дар навбати аввал, намунаи риояи қонунияту тартибот ва интизоми ҳарбӣ бошанд, сатҳи касбият ва омодагии ҷангии худро мунтазам баланд бардоранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд






