БА ШАРАФИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ЯК ВАҚТ АЗ ТӮПҲО 30 ШИЛЛИК ПАРОНИДА ШУД. Нахустин бор дар майдони «Истиқлол»-и Душанбе паради ҳарбӣ гузашт

Сентябрь 8, 2023 18:31

ДУШАНБЕ, 08.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат гузашти низомии қисму воҳидҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор гардид. Қабл аз паради ҳарбӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи дастовардҳои давлати соҳибистиқлол суханронӣ намуданд. Сипас,   зимни иҷрои Суруди миллӣ дар як вақт аз тӯпҳо 30 шиллик паронида шуд.

Бояд гуфт, ки паради ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аввалин чорабиние мебошад, ки бо иштироки ҳомиёни Ватан дар майдони «Истиқлол»-и пойтахти мамлакат баргузор мегардад.

Пешвои миллат зимни суханронӣ иброз намуданд, ки «мардуми сипосгузори Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат аз хизмати ватандӯстонаи низомиёни ҷумҳурӣ  ва далериву ҷасорати онҳо ба хотири иҷрои рисолати муқаддаси ҳифзи суботу оромӣ, амнияти ҷомеаву давлат, ҳимояи марзу буми давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор менамоянд ва номи неки ҷавонмардонеро, ки ҷони худро дар ин роҳ фидо кардаанд, ҳамеша гиромӣ медоранд. Дар баробари ин, мардум ва давлати Тоҷикистон дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳимоятгарони оромӣ, субот, амният, манфиатҳои милливу давлатӣ, волоияти қонун ва таъмини ҳуқуқи ҳар шаҳрванди мамлакатро мебинанд».

Сарвари давлат  ҳамчунин изҳор доштанд, ки эътимоди давлат ва умеди мардум хизматчиёни ҳарбии тамоми ҷузъу томҳо ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро вазифадор месозад, ки дар навбати аввал, намунаи риояи қонунияту тартибот ва интизоми ҳарбӣ бошанд, сатҳи касбият ва омодагии ҷангии худро мунтазам баланд бардоранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 8, 2023 18:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ховалинг таъмиру навсозии беш аз 200 иншоот ба нақша гирифта шудааст