Ба сокинони шаҳри Ҳисор, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, кумак расонида шуд

Сентябрь 6, 2023 19:52

ДУШАНБЕ, 06.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ҷамоатҳои деҳоти Сомон, Дурбат, Алмосӣ, Хонақоҳи Кӯҳӣ ва Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор, ки бар асари бориши пуршиддати шаби 27 август хисороти зиёди молӣ дидаанд, кумаки моддӣ расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Бо иштироки муовини Раиси шаҳри Ҳисор ва намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар навбати аввал ба 63 оилае, ки дар ҳудуди деҳаҳои Шӯроби Искандар, Шӯроби Афғони деҳоти Сомон, Гулрез, Арбобии деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ, Хоҷачилдиёри деҳоти Мирзо Ризо, Кӯрпаӣ, Ҷиргинак, Лойоби деҳоти Алмосӣ ва Зартеппаи деҳоти Дурбат зарари бештар дидаанд, маводи хӯрокворӣ, аз қабили орду равған, нахӯд, инчунин ашёи рӯзгор, кӯрпаву болишт, матрас ва лавозимоти санитариву гигиенӣ тақсим гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ситод ташкил шудааст. Ситоди мазкур зарару хисороти ба хоҷагии халқ расидаро ҳисоб ва дар доираи имконият барои барқарор намудани иншооти аз сел зарардида мусоидат менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Сентябрь 6, 2023 19:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид