БАХШИДА БА 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ду деҳаи ноҳияи Рӯдакӣ биноҳои иловагии муассисаҳои таълимӣ ба истифода дода мешаванд

Сентябрь 4, 2023 14:18

РӮДАКӢ, 04.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 32-солагии  Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаи Файзобаи Ҷамоати деҳоти Зайнабобод бинои иловагии муассисаи таълимии №82 бо 10 синфхона  ва дар деҳаи   Заркамари  Ҷамоати деҳоти Чоргултепаи ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии муассисаи таълимии №77 бо 8 синфхона ба истифода  дода мешаванд. Дар ин хусус  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  дар ҷамоатҳои  деҳоти Зайнабобод ва Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Раиси деҳаи Файзоба Саидакбар Юнусов иброз дошт, ки “дар  деҳаи мо зиёда аз 450 хоҷагӣ зиндагӣ менамояд. Хушбахтона, имсол дар деҳаи мо аз ҳисоби шарикони рушд бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва бинои  бунгоҳи тиббӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин чоҳи амудӣ канда истодаем, то ҳамаи хоҷагиҳои деҳаро бо оби нӯшокии тоза таъмин намоем”.

Тибқи иттилои Саидакбар Юнусов, дар муассисаи таълимии №82 зиёда аз 1600 хонанда аз 5 деҳа дарс мехонанд. Аз ҳисоби нарасидани ҷойи нишаст ва зиёд будани хонандагон муассисаи таълимӣ хонандагонро дар се баст қабул менамуд. Хушбахтона, бо сохтани бинои иловагӣ иборат аз 10 синфхона мушкилии асосии муассисаи таълимӣ бартараф мегардад.

Сармутахассиси Раёсати  маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Асрор Қурбонов гуфт,   ки сохтони 172 синфхонаи иловагӣ дар назди 25 муассисаи таълимӣ идома дошта, 61 синфхонаи он бо 1525 ҷойи нишаст дар арафаи  ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин рӯзҳои наздик биноҳои нави муассисаҳои таълимии №3 ва №40 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 4, 2023 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ–маърифатӣ доир шуд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд