БАХШИДА БА 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ду деҳаи ноҳияи Рӯдакӣ биноҳои иловагии муассисаҳои таълимӣ ба истифода дода мешаванд
РӮДАКӢ, 04.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаи Файзобаи Ҷамоати деҳоти Зайнабобод бинои иловагии муассисаи таълимии №82 бо 10 синфхона ва дар деҳаи Заркамари Ҷамоати деҳоти Чоргултепаи ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии муассисаи таълимии №77 бо 8 синфхона ба истифода дода мешаванд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар ҷамоатҳои деҳоти Зайнабобод ва Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Раиси деҳаи Файзоба Саидакбар Юнусов иброз дошт, ки “дар деҳаи мо зиёда аз 450 хоҷагӣ зиндагӣ менамояд. Хушбахтона, имсол дар деҳаи мо аз ҳисоби шарикони рушд бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва бинои бунгоҳи тиббӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин чоҳи амудӣ канда истодаем, то ҳамаи хоҷагиҳои деҳаро бо оби нӯшокии тоза таъмин намоем”.
Тибқи иттилои Саидакбар Юнусов, дар муассисаи таълимии №82 зиёда аз 1600 хонанда аз 5 деҳа дарс мехонанд. Аз ҳисоби нарасидани ҷойи нишаст ва зиёд будани хонандагон муассисаи таълимӣ хонандагонро дар се баст қабул менамуд. Хушбахтона, бо сохтани бинои иловагӣ иборат аз 10 синфхона мушкилии асосии муассисаи таълимӣ бартараф мегардад.
Сармутахассиси Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Асрор Қурбонов гуфт, ки сохтони 172 синфхонаи иловагӣ дар назди 25 муассисаи таълимӣ идома дошта, 61 синфхонаи он бо 1525 ҷойи нишаст дар арафаи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин рӯзҳои наздик биноҳои нави муассисаҳои таълимии №3 ва №40 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст






