БАХШИДА БА 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе кормандони илму маориф қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 06.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми 32 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон аҳли маориф ва илми мамлакат дар баробари намояндагони дигар соҳаҳо дар устувор гардонидани пояҳои давлатдорӣ ва сиёсати иҷтимоии ҷумҳурӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Чунин изҳор шуд зимни ҳамоише, ки бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Таъкид шуд, ки соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ ба мо имкон дод, ки дар рушду тараққии мамлакати азизамон саҳм гузорем ва тавонем, ки мутахассисони варзида ва сатҳи байналмилалӣ тарбия намоем.
Дар ҳамоиш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода ба 15 нафар кормандони соҳаҳои илму маориф, ки дар фаъолияти корӣ дар соҳаи маориф ва илм натиҷаҳои назаррас доранд, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — медали «Хизмати шоиста» ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорида, ҳозиринро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ – 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуд.
Гуфта шуд, ки дар арафаи ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонидани намояндагони соҳаи маориф ва илм, пеш аз ҳама, аз таваҷҷуҳи беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва илм дарак медиҳад.
Аз ин рӯ мо бояд минбаъд низ имконияту қобилияти зеҳнӣ ва донишу таҷрибаи худро ба ободу пешрафта гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол равона созем.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






