БАХШИДА БА 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар мактаби №7-и шаҳри Турсунзода толори нави варзишӣ ба истифода дода шуд

Сентябрь 5, 2023 11:24

ТУРСУНЗОДА, 05.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар рӯзҳои аввали соли нави таҳсил дар муассисаи таълимии №7-и шаҳри Турсунзода толори варзишии замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода  иттилоъ доданд.

Толори варзишии муассисаи таълимӣ аз ҳисоби соҳибкорон барқарор  гардида,  бо тамоми таҷҳизоти варзишии сатҳи баланд  муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Минбаъд хонандагони муассисаи таълимӣ ва ҷавонону наврасони шаҳри Турсунзода метавонанд аз он самаранок истифода намоянд.

Масъулини шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода гуфтанд, ки   ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар назди муассисаҳои таълимии №82, №71, №31 ва №76  31 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода мешавад. Соли 2023 дар муассисаҳои таълимии шаҳри Турсунзода 65 синфхонаи иловагӣ бо 1528 ҷойи нишаст ба истифода дода шудааст.

Дар айни замон сохтмони 6 бинои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди 25 муассисаи таълимӣ идома дорад, ки дар умум 241 синфхонаи иловагӣ барои 5866 ҷойи нишастро  ташкил медиҳад

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Сентябрь 5, 2023 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд