БАХШИДА БА РӮЗИ КИТОБ. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 03.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи китоб, ки ҳамасола 4 сентябр дар Тоҷикистон гузаронида мешавад, 4-5 сентябр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар китобхонаи мазкур хабар доданд.
Зимни он барои дар сатҳи хуб муаррифӣ намудани китобу китобхона аз ҳисоби кормандони тамоми шуъбаву бахшҳо 40 нафар кормандони ҷавон ҷалб шудаанд.
Саёҳат дар дохили Китобхонаи миллӣ воситаи муаррифии китобдӯстиву китобдорӣ ба ҳисоб рафта, дар раванди он бо имконияту афзалияти узвият ба Китобхонаи миллӣ шинос мешаванд. Ҳамзамон шаҳрвандон ва меҳмонон аз сатҳу сифати хизматрасонӣ огоҳ мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2007 инҷониб дар Тоҷикистон 4 сентябр Рӯзи китоб дар сатҳи баланд гузаронида мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани санги асос ба бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон иброз доштанд, ки «бо дарназардошти аҳамияти бузурги китобу китобдорӣ ва донишу маърифат пешниҳод менамоям, ки дар қатори идҳои дигар рӯзи оғози сохтмони Китобхонаи миллӣ чун Рӯзи китоб таҷлил шавад».
Бояд гуфт, ки тӯли 32 соли соҳибистиқлолии мамлакат дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расиданд. Далели ин гуфтаҳо баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсил ва шаҳрвандони мамлакат доир гардида истодааст.
Озмуни мазкур бори дигар дар дили ҳар фарди мамлакат меҳру муҳаббатро нисбат ба китобу китобхонӣ бедор намуд.
Соли 2023 дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 47 ҳазору 51 нафар довталаб иштирок намуд, ки аз зиёд шудани шумораи китобдӯстдорон дар мамлакат шаҳодат медиҳад. Озмуни мазкур аз соли 2019 инҷониб ҳамасола дар чор давр доир шуда, ғолибони номинатсияҳо бо диплом ва то 35 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоизаи озмун бо диплому 70 ҳазор сомонӣ маблағ қадрдонӣ мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки миллати сарбаланди тоҷик ба китобдорию китобхонӣ аз қадимулайём арҷ мегузошт ва қаламу дафтару девонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт менамуд. Китоб барои ин миллат бонги бедорию ҳушёрӣ буд. Тоҷикон онро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омӯзгори беминнат, «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурӯғи субҳи доноӣ» медонистанд. Воқеан, таърихи китобдории мо аз таърихи китобхонаҳои кишварҳои дигар қадимтар буда, имрӯз аз назари китобдорӣ авҷу камол ёфтааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






