Бахшида ба Рӯзи Мавлоно дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамоиши бошукуҳ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 28.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи Мавлоно ва Озмуни ҷумҳуриявии «Маснавихонӣ» дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки адабиётшиносон ва мавлавипажуҳон ҳамоиши бошукуҳ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ хабар доданд.
Субҳ меҳмонон дар пояи муҷассамаи Мавлоно гул гузошта, бо осорхона ва намоиши гурӯҳи ҳунармандону хонандагон шинос шуданд.
Бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар мавзуи «Мавлоно ва фарҳанги ҷаҳон» конференсияи илмӣ баргузор гардид.
Конференсияро директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарангис Шарифзода оғоз намуд.
Дар конференсия Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Муҳриддин Низомӣ дар мавзуи «Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва Аттори Нишопурӣ», мудири шуъбаи матншиносии Маркази мероси хаттӣ Алӣ Муҳаммадӣ дар мавзуи «Шуҳрати ҷаҳонии «Маснавии маънавӣ» ва ашъори устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Нуралӣ Нурзод шунида шуд.
Дар бахши дуюми ҳамоиш муовини директор оид ба илм ва таълими Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ иштирокчиён ва ҳакамони озмуни «Маснавихонӣ»-ро бо тартиби баргузории озмун шинос намуд.
Озмун давоми ду рӯз дар 4 зина давом намуда, 29 сентябр ғолибони озмун бо мукофоту ифтихорномаҳо қадрдонӣ мешаванд.
АКС: Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё” дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






