Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Сентябрь 6, 2023 14:10

ДУШАНБЕ, 06.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр байни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар академияи мазкур.

Созишномаро Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода ва намояндаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон Ангелина Шопп имзо намуданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариш додани ҳамкории гуногунҷониба ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаҳои гуногуни илмӣ-таҳқиқотӣ, баргузории чорабиниҳои муштарак, такмил додани меъёрҳои қонунгузорӣ бо инобати манфиатҳои миллӣ, ташаккул  додани донишҳои ҳуқуқии башардӯстона ва дастгирии иқдоми тарафайн иброз намуданд.

Давоми солҳои охир ҳамкории гуногунҷабҳаи Академияи идоракунии давлатӣ бо шарикони хориҷӣ беҳтар гардида, дар доираи ин ҳамкорӣ сатҳу сифати таълиму тарбия ва иқтидори техникии Академия беҳтар гардидааст.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 6, 2023 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд