Бинои таълимии Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара баъд аз навсозӣ ба истифода супорида шуд
ДУШАНБЕ, 01.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара имрӯз бинои таълимии Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара баъд аз навсозӣ ба истифода супорида шуд.
Дар маросими ба истифода супоридани иншоот роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Данғара иштирок намуданд.
Дар Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара довталабон дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳсил менамоянд. Коллеҷ дорои 2 факултет ва шуъбаи ибтидоии касбӣ, аз ҷумла муҳандисӣ ва технологияи муосири истеҳсолӣ, технологияи коркарди истеҳсолӣ буда, 4 кафедра, аз ҷумла фанҳои гуманитарӣ, табиӣ, риёзӣ, хизматрасонии техникӣ ва таъмири таҷҳизоти соҳавӣ ва технологияи дӯзандагӣ ва хизматрасонӣ мебошад.
Синфхонаҳои таълимӣ ва ҳуҷраҳои кории коллеҷ зебову барҳаво буда, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидаанд.
Дар Коллеҷ 62 нафар омӯзгор, ки 56 нафарашон дорои маълумоти олӣ ва 6 нафар миёнаи махсус мебошанд, фаъолият доранд.
Ҳоло дар коллеҷ 327 нафар донишҷӯ дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ- аз инҳо 264 нафар дар гурӯҳҳои рӯзона ва 63 нафар дар гурӯҳҳои ғоибона таҳсил менамоянд. Аз ин шумора 79 нафар духтарон мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара ҳанӯз соли 1977 дар заминаи Омӯзишгоҳи касбию техникии №57 ноҳияи Данғара таъсис дода шуда, дар тӯли фаъолияти худ борҳо тағйири ном намудааст.
Таҷдиду навсозии биноҳои таълимии Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва фармоиши Муассисаи давлатии Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Дар китобхонаи коллеҷ 6 ҳазору 813 нусха китоби илмию бадеӣ ва техникию таълимӣ мавҷуд аст, ки аз он донишҷӯёну омӯзгорон мунтазам истифода мебаранд. Ҳамчунин дар муассисаи таълимӣ китобхонаи электронӣ мавҷуд аст, ки он дорои зиёда аз 50 нусха китоби электронӣ ва бадеӣ мебошад.
Бо таҷдиду навсозии биноҳои таълимии коллеҷ барои ба таълим ва касбомӯзӣ фаро гирифтани донишҷӯёни зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таҳсилоти миёнаи касбӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд.
АКС: Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара








Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд






