Бинои таълимии Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара баъд аз навсозӣ ба истифода супорида шуд

Сентябрь 1, 2023 17:50

ДУШАНБЕ, 01.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  ноҳияи Данғара имрӯз бинои таълимии Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара баъд аз навсозӣ ба истифода супорида шуд.

Дар маросими ба истифода супоридани иншоот роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Данғара иштирок намуданд.

Дар Коллеҷи политехникии Донишгоҳи  давлатии  Данғара довталабон дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳсил менамоянд. Коллеҷ дорои 2 факултет ва шуъбаи ибтидоии касбӣ, аз ҷумла муҳандисӣ ва технологияи муосири истеҳсолӣ, технологияи коркарди истеҳсолӣ буда, 4 кафедра, аз ҷумла фанҳои гуманитарӣ, табиӣ, риёзӣ, хизматрасонии техникӣ ва таъмири таҷҳизоти соҳавӣ ва технологияи дӯзандагӣ ва хизматрасонӣ мебошад.

Синфхонаҳои таълимӣ ва ҳуҷраҳои кории коллеҷ зебову барҳаво буда, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидаанд.

Дар Коллеҷ 62 нафар омӯзгор, ки 56 нафарашон дорои маълумоти олӣ ва 6 нафар миёнаи махсус мебошанд, фаъолият доранд.

Ҳоло дар коллеҷ 327 нафар донишҷӯ дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ-  аз инҳо 264 нафар дар гурӯҳҳои рӯзона ва 63 нафар дар гурӯҳҳои ғоибона таҳсил менамоянд. Аз ин шумора 79 нафар духтарон  мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара ҳанӯз соли 1977 дар заминаи Омӯзишгоҳи касбию техникии №57 ноҳияи Данғара  таъсис дода шуда, дар тӯли фаъолияти худ борҳо тағйири ном намудааст.

Таҷдиду навсозии биноҳои таълимии Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва фармоиши  Муассисаи давлатии Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Дар китобхонаи коллеҷ 6 ҳазору 813 нусха китоби илмию бадеӣ ва техникию таълимӣ мавҷуд аст, ки аз он донишҷӯёну омӯзгорон мунтазам истифода мебаранд. Ҳамчунин  дар муассисаи таълимӣ китобхонаи электронӣ мавҷуд аст, ки  он дорои зиёда аз 50 нусха китоби электронӣ ва бадеӣ мебошад.

Бо таҷдиду навсозии биноҳои таълимии коллеҷ барои ба таълим ва касбомӯзӣ фаро гирифтани донишҷӯёни зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таҳсилоти миёнаи касбӣ  шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд.

АКС: Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара

Сентябрь 1, 2023 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хоруғ коргоҳи коркарди гиёҳҳои шифобахш таъсис меёбад
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои директорони Шарикии глобалии соҳаи маориф дар шаҳри Занзибари Танзания иштирок намуд
««ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ҳамоиш доир гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар 10 моҳ 8 корхонаи саноатӣ фаъолият намудааст
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмуни ихтироъкорони ҷавон баргузор гардид
Дар деҳаи Сангпари Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб Маркази хизматрасонӣ ва дорухонаи байтории замонавии «Рахш» ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи федералии Урали Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
«ИННОВАТСИЯ ДАР ТИБ — АЗ ИЛМ БА АМАЛИЯ». Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон конференсияи солонаи илмӣ-амалӣ доир шуд
Имрӯз ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» муайян мешаванд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вобаста ба масъалаҳои мубрами назарӣ ва амалии фанҳои санъати тасвирӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон масъалаҳои тарҷума ва тарҷумашиносӣ баррасӣ гардиданд
Дар шаҳри Хоруғ имтиҳонҳои қабул ба магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» доир шуданд