БОЗ ОМАД ТИРАМОҲ. Аввали моҳи сентябр Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
ДУШАНБЕ, 02.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳавои моҳи аввали тирамоҳ — сентябр ба обу ҳавои моҳи сентябри соли 2011 монанд хоҳад шуд. Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёр ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, даҳаи дуввуми моҳ ҳарорати ҳаво рӯ ба пастшавӣ меорад. Дар ин хусус зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» муовини Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева иттилоъ дод.
Дар ин давра дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар водиҳо ва ноҳияҳои доманакӯҳӣ аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 21+25 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 18+19 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар нимаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, дар водиҳо шабона то 10+15 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 7+12 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Миқдори моҳонаи бориш дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ кам пешгӯӣ шуда, дар рӯзҳои алоҳида дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 17-22 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, чангу ғубор ба амал меояд.
Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 20+23 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 12+15 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар нимаи аввали моҳ ҳарорати бартариятдоштаи ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа ва рӯзона 30+35 дараҷа хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 ва рӯзона 20+25 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.
Дар нимаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 25+30 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 ва рӯзона 15+20 дараҷа гармӣ дар назар дошта шуда, рӯзҳои алоҳида ҳарорати ҳаво то 10+15 дараҷа мешавад.
Миқдори моҳонаи бориш дар водиҳо аз меъёри иқлимӣ кам ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 17-22 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад.
Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 16+20 дараҷаро ташкил медиҳад.
Миқдори моҳонаи бориш аз меъёри иқлимӣ зиёд, дар баъзе ноҳияҳо ҳудуди меъёри иқлимӣ дар назар дошта шудааст. Рӯзҳои алоҳида дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 17-22 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад.
Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, 5+8 дараҷаро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, шабона аз 0+5 дараҷа гарм то 0-5 дараҷа хунук, рӯзона аз 11+16 то 6+11 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.
Миқдори моҳонаи бориш аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ шуда, дар рӯзҳои алоҳида дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 12-17 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






