БОЗ ОМАД ТИРАМОҲ. Аввали моҳи сентябр Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?

Сентябрь 2, 2023 12:08

ДУШАНБЕ, 02.09.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Ҳавои моҳи аввали тирамоҳ — сентябр ба обу ҳавои моҳи сентябри соли 2011 монанд хоҳад шуд. Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёр ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, даҳаи дуввуми моҳ ҳарорати ҳаво рӯ ба пастшавӣ меорад. Дар ин хусус зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» муовини Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева иттилоъ дод.

Дар ин давра дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар водиҳо ва ноҳияҳои доманакӯҳӣ аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 21+25 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 18+19 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар нимаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, дар водиҳо шабона то 10+15 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 7+12 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Миқдори моҳонаи бориш дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ кам пешгӯӣ шуда, дар рӯзҳои алоҳида дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 17-22 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, чангу ғубор ба амал меояд.

Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 20+23 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 12+15 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар нимаи аввали моҳ ҳарорати бартариятдоштаи ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа ва рӯзона 30+35 дараҷа хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 ва рӯзона 20+25 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.

Дар нимаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 25+30 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 ва рӯзона 15+20 дараҷа гармӣ дар назар дошта шуда, рӯзҳои алоҳида ҳарорати ҳаво то 10+15 дараҷа мешавад.

Миқдори моҳонаи бориш дар водиҳо аз меъёри иқлимӣ кам ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 17-22 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад.

Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 16+20 дараҷаро ташкил медиҳад.

Миқдори моҳонаи бориш аз меъёри иқлимӣ зиёд, дар баъзе ноҳияҳо ҳудуди меъёри иқлимӣ дар назар дошта шудааст. Рӯзҳои алоҳида дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 17-22 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад.

Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, 5+8 дараҷаро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, шабона аз 0+5 дараҷа гарм то 0-5 дараҷа хунук, рӯзона аз 11+16 то 6+11 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.

Миқдори моҳонаи бориш аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ шуда,   дар рӯзҳои алоҳида дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 12-17 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 2, 2023 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд