Дар ҷамоати Сайлиободои ноҳияи Лахш муассисаи таълимии замонавӣ ба истифода дода шуд

Сентябрь 8, 2023 19:29

ЛАХШ, 08.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ  дар деҳаи Тоҷварони Ҷамоати деҳоти Сайлиободи ноҳияи Лахш бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56, ки  бо сифати баланди меъморӣ сохта шудааст, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»  Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш  хабар доданд.

Бинои нави муассисаи таълимӣ дорои  9 синфхона буда, барои 150  нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.  Муассисаи мазкур бо маблағгузории давлати Ҷопон бунёд гардида, синфхонаҳои он бо таҷҳизоту ловозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи синфхонаи ин муассисаи наву замонавӣ бо мизу курсӣ таъмин гардиданд.

Дар маросими ба истифода додани мактаби мазкур Раиси ноҳияи Лахш Каромиддин Холзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошихиро Аики  иштирок намуданд.

Зимни кушодашавии муассисаи мазкур иброз гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ҳамасола дар қаламрави ноҳия  муассисаҳои таълимии ҷавобгӯ ба талаботи замон ба истифода дода мешаванд. Сол аз сол афзудани маблағгузорӣ ба соҳаи маориф ва таъмини шароити хуби меҳнатии омӯзгорон аз он дарак медиҳад, ки соҳаи маориф зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Имконияти мусоид ва дастгириву ғамхориҳо аҳли маорифро муваззаф месозанд, ки рисолати хешро иҷро намуда,  сатҳу сифати  дониши хонандагон ҷавобгӯ ба меъёрҳои замона гардад.

Мудири маорифи ноҳияи Лахш Шининмоҳ Шарифзода иброз дошт, ки «бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва шарикони рушд барои мо, омӯзгорон дар арафаи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ду бинои нави муассисаҳои таълимии замонавӣ сохта, ба омӯзгорону хонандагони ноҳия туҳфа гардид.  Ин муассисаҳои таълимӣ дорои  утоқҳои фаннӣ, синфхонаи алоҳидаи компютерӣ, китобхона мебошанд,  ки хонандагону омӯзгорон аз он самаранок истифода менамоянд. Мо, омӯзгорон ҷавобан ба ин ғамхориҳои давлат кӯшиш менамоем, ки насли наврасро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоем».

Бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Лахш боз се иншооти дигар- толори варзишии деҳаи Майдонтираки Ҷамоати деҳоти Наврӯз, муассисаи таълимии №7-и деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Сайлиобод, иборат аз 9 синфхона ва мумфаршкунии 3 км роҳҳои маркази ноҳия ба истифода дода мешаванд.

Тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш,  бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 124 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. То ба имрӯз 31 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, дар 93 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш

Сентябрь 8, 2023 19:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд