Дар Боғи Куруши Кабири пойтахт намоиши маҳсулоти кишоварзии Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва ноҳияи Файзобод баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 09.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 9 сентябр дар мамлакат ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида истодааст.
Дар робита ба он имрӯз дар Боғи Куриши Кабир намоиш- фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангии ноҳияи Файзобод баргузор гардид. Дар ин боғ фазои идона барпо буд. Дар ҳар гӯшаи он намоиши маҳсули дасти ҳунармандон, рассомон, деҳқон ба намоиш гузошта шуда буд.
Санъаткорон сурудҳоро дар васфи Ватан, Тоҷикистон ва истиқлолият пешниҳоди сокинони шаҳри Душанбе намуданд.
Дар ин намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби ноҳияи Файзобод 10 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин маҳсулоти ширӣ, тухм, зиёда аз 350 кг гӯшт ва ғайра бо нархи нисбат ба бозор арзонтар пешкаши сокинони шаҳри Душанбе гардонида шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»




























Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд






