Дар Боғи Куруши Кабири пойтахт намоиши маҳсулоти кишоварзии Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва ноҳияи Файзобод баргузор гардид

Сентябрь 9, 2023 15:42

ДУШАНБЕ, 09.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 9 сентябр дар мамлакат ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида истодааст.

Дар робита ба он имрӯз дар Боғи Куриши Кабир намоиш- фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангии ноҳияи Файзобод баргузор гардид. Дар  ин боғ фазои идона барпо буд. Дар ҳар гӯшаи он намоиши маҳсули дасти ҳунармандон, рассомон, деҳқон ба намоиш гузошта шуда буд.

Санъаткорон сурудҳоро дар васфи Ватан, Тоҷикистон ва истиқлолият пешниҳоди сокинони шаҳри Душанбе  намуданд.

Дар ин намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби ноҳияи Файзобод 10 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин маҳсулоти ширӣ, тухм, зиёда аз 350 кг гӯшт ва ғайра бо нархи нисбат ба бозор арзонтар пешкаши сокинони шаҳри Душанбе гардонида шуд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 9, 2023 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар шаҳраки Сарводаи ноҳияи Айнӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд карда мешавад
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Шаҳри Хоруғ дар даври вилоятии ин озмун сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар ноҳияи Айнӣ беморхонаи минтақавӣ бунёд карда мешавад
Маркази «Ганҷинаи ҳунаристони маърифат ва фарҳанги миллӣ» ба фаъолият оғоз намуд
Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо фаъолони шаҳри Ҳисор тавзеҳ дода шуданд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — АСОСГУЗОРИ ИСЛОҲОТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш барои 280 нафар кӯдакистон сохта мешавад
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Конибодом коргоҳи бастубанди меваи хушк сохта мешавад
Роҳҳои деҳаҳои Шафақу Тезгари болои ноҳияи Рӯдакӣ мумфаршу бетонпӯш карда шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмуни «Топ-35- шарики боэтимоди сол» баргузор мегардад
35–СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Кӯлоб 494 иншоот бунёду навсозӣ карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон беш аз 6 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд