Дар Бохтар иҷлосияи 17-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон идома дорад
ДУШАНБЕ, 28.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 аз ҷониби корхонаю коргоҳҳои соҳаи хӯроквории вилояти Хатлон якҷо бо бахши хусусӣ ба маблағи қариб як миллиарду 426 миллион сомонӣ маҳсулоти ғизоӣ ва нӯшокӣ истеҳсол карда шуд. Ин нишондиҳанда дар қиёс ба ҷамъбасти соли 2020 ба маблағи 505,3 миллион сомонӣ (54,9%) зиёд мебошад. Дар ин хусус зимни иҷлосияи 17-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум иттилоъ дода шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад, иҷлосияи мазкур таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид доир доир мегардад.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия- рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2019 «Дар бораи Барномаи рушди саноати хӯроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят узви комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои энергетика, саноат, шаҳрсозӣ, коммуникатсия ва нақлиёт, муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода ба вакилон ҳисобот дод.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд






