Дар Бохтар иҷлосияи 17-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон идома дорад

Сентябрь 28, 2023 10:54

ДУШАНБЕ, 28.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 аз ҷониби корхонаю  коргоҳҳои соҳаи хӯроквории вилояти Хатлон  якҷо бо бахши хусусӣ ба маблағи қариб як миллиарду 426 миллион сомонӣ маҳсулоти ғизоӣ ва нӯшокӣ  истеҳсол карда шуд. Ин нишондиҳанда дар қиёс ба ҷамъбасти соли 2020 ба маблағи 505,3 миллион сомонӣ (54,9%) зиёд мебошад. Дар ин хусус зимни иҷлосияи 17-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум иттилоъ  дода  шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад, иҷлосияи мазкур  таҳти   раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид доир доир мегардад.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия- рафти иҷрои  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2019 «Дар бораи Барномаи рушди саноати хӯроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят  узви комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои энергетика, саноат, шаҳрсозӣ, коммуникатсия ва нақлиёт, муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода ба вакилон ҳисобот дод.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Сентябрь 28, 2023 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид