Дар Душанбе Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон доир мегардад
ДУШАНБЕ, 10.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр, соати 08:00 дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳайати мазкур аз намояндагони бахши хусусии Қазоқистон дар соҳаҳои омехта, ба монанди хӯрокворӣ (истеҳсоли равған, орд, макарон, қаннодӣ, гӯшт), хоҷагии қишлоқ (истеҳсоли хӯроки чорво), таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ, коммутаторҳои шабакаҳо, истеҳсоли трансформатор, нуриҳои фосфатӣ, истеҳсол ва фурӯши муҳаррикҳои дизелӣ, маҳлулҳои фасадӣ, конструксияҳои металлӣ, соҳаи кӯҳканӣ ва ҷустуҷӯи геологӣ, саноати маъдани кӯҳӣ ва ғайра иборат мебошад.
Дар маҷмуъ дар Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон 15 ширкати қазоқистонӣ иштирок менамоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






