Дар Душанбе бо иштироки 3000 нафар «Дави дӯстӣ» баргузор шуд

Сентябрь 11, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 11.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе  «Дави дӯстӣ»  баргузор гардид. Ин чорабинии варзишӣ бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 7 сентябри соли 2023 ҷиҳати оммавигардонии варзиш, таъмини тарзи ҳаёти солим дар доираи баргузории  Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлдатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал доир шуд. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мусобиқаи мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло,Раҳмонзода муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва дигар ҳайати роҳбарияту кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он,  инчунин устодону донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои ҳудуди пойтахт  дар ҳайати беш аз 3000 нафар иштирок намуданд.

Қобили тазаккур аст, ки дар маросими ифтитоҳи раисмии «Дави дӯстӣ» муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раиси шаҳри Душанбе  ҳозиринро ба таҷлили ҷашни бошукуҳи миллӣ- 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборак намуданд.

Хотиррасон мешавем, ки мусобиқа бо Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар масофаи 4 км- аз назди дарвозаи Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе то гардиши «Товус» идома ёфта,  тавассути шоҳроҳи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ иштирокдорон байни ҳам рақобат намуданд.

Дар фарҷоми мусобиқа  ба 100 нафари аввал, ки пеш аз ҳама ба хати марра расиданд аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сертификат қадрдонӣ карда шуданд.

Бояд гуфт, ки  дар охир ба 100 нафар иштирокчие, ки аввалин шуда марраро фатҳ намуданд аз ҷониби Кумитаи тадорукот «Сипоснома»-ҳо тақдим карда шуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 11, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад