Дар Душанбе доир ба дурнамо ва амалисозии Стратегияи миллии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 03.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр дар Душанбе бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мавзуи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038: дурнамо ва амалисозии он» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хабар доданд, дар ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатӣ, корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки 5 август Ҳуқумати мамлакат Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038-ро қабул намуд. Санади мазкур таҳлили ҳолати ҷорӣ ва мушкилоти асосии таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро дар бар гирифта, ҳадаф, вазифаҳо ва принсипҳои асосии Стратегияи миллиро инъикос намудааст. Ҳамчунин дар Стратегияи миллӣ самтҳои стратегии фаъолият ва сарчашмаҳои маблағгузорӣ, амалисозӣ, мониторинг ва арзёбии он нишон дода шудаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






