Дар Душанбе доир ба дурнамо ва амалисозии Стратегияи миллии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир мегардад

Сентябрь 3, 2023 16:42

ДУШАНБЕ, 03.09.2023. /АМИТ «Ховар»/.  5 сентябр дар Душанбе бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мавзуи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038: дурнамо ва амалисозии он» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хабар доданд, дар ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатӣ, корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки 5 август Ҳуқумати мамлакат Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038-ро қабул намуд. Санади мазкур таҳлили ҳолати ҷорӣ ва мушкилоти асосии таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро дар бар гирифта, ҳадаф, вазифаҳо ва принсипҳои асосии Стратегияи миллиро инъикос намудааст. Ҳамчунин дар Стратегияи миллӣ самтҳои стратегии фаъолият ва сарчашмаҳои маблағгузорӣ, амалисозӣ, мониторинг ва арзёбии он нишон дода шудаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 3, 2023 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд