Дар Душанбе Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз гардид

Сентябрь 13, 2023 11:26

ДУШАНБЕ, 13.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имрӯз, 13 сентябр Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар ифтитоҳи форум вазирони маорифи Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.

Форумро ректори донишгоҳи миллӣ профессор Қобилҷон Хушвахтзода оғоз бахшида, ташрифи меҳмононро ба Донишгоҳи миллӣ хайрамақдам гуфт.

Ин форуми дуюми ректорони давлатҳои Осиёи Марказӣ аст, ки баргузор мешавад. Баргузории он дар шароити кунунӣ муҳим буда, дар густариши равобити илмиву фарҳангии панҷ давлати минтақа заминаҳои нав фароҳам меоварад.

Ҳамкории имрӯзаи донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ метавонад барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяни стратегӣ мусоидат намояд. Дар нақша аст, ки дар форум намояндагони зиёда аз ҳафтод донишгоҳ иштирок менамоянд, ки аз ин 35 нафар аз муассисаҳои олии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон мебошанд.

Дар маҷмуъ, наздики сад нафар намояндагони муассисаҳои олии таълимии минтақа дар форум иштирок доранд ва байни ҳам барои таҳкими муносибатҳои гуногунҷабҳаи илмию амалӣ табодули таҷриба менамоянд.

Дар форум байни роҳбарони муассисаҳои олии таълимии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои минтақа як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Дар идомаи сиёсати байналхалқии муваффақонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин форум метавонад ба самтҳои илм, таълим ва инноватсия такони нав бахшида, дар дӯстиву равобити халқҳои минтақа мусоидат намояд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Сентябрь 13, 2023 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид