Дар Душанбе Форуми роҳбарони ҷавонони давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз гардид

Сентябрь 14, 2023 11:01

ДУШАНБЕ, 14.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Форуми роҳбарони ҷавонони Осиёи Марказӣ оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

 Мақсад аз баргузории форум мубодилаи масъалаҳои ҷавонон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷавонон дар сатҳи минтақавӣ ва таъмин намудани воситаҳои мубодилаи байналмиллалӣ барои ҳамкории доимӣ мебошад.

Дар ҳошияи форум раҳбарони ниҳодҳои давлатии кор бо ҷавонони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ҷамъ омада, роҳу воситаҳои ҳал намудани мушкилоти имрӯзаи ҷавонони минтақаро пайдо менамоянд. Тавассути мубодила ва ҳамкорӣ дар доираи форум роҳҳои ҳалли муштараки амалии беҳбуди вазъи кунуниро таҳия намуда, онҳоро тавассути чорабиниҳои минтақавӣ дар ҳар давлат амалӣ менамоянд.

Гуфта шуд, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ шумораи аҳолӣ босуръат меафзояд, бинобар ин, наврасону ҷавонон қисми зиёди аҳолиро ташкил медиҳанд. Бар асоси ин имрӯз дар назди давлатҳои Осиёи Марказӣ вазифа гузошта шудааст, ки сиёсати рушди ҷавононро амалӣ созанд.

Мувофиқи омори ҷаҳонӣ, имрӯз дар дунё шумораи рекордии ҷавонон сабт шудааст. Нисфи аҳолии ҷаҳонро наврасону ҷавонони то 30-сола ташкил дода, интизор меравад, ки ин рақам то охири соли 2030 ба 57 фоиз расад.

Тибқи таҳлили оморӣ, аз шумораи умумии аҳолӣ 32,9%-и  онро ҷавонони аз 14 – 30-сола ташкил медиҳанд ва синни миёнаи аҳолӣ дар ҷумҳурӣ 25 солро дар бар мегирад. Дар 17 соли охир шумораи ҷавонон 33% зиёд гардида, дар ин давра ба ҳисоби миёна ҳамасола 1,9% шумораи ҷавонон дар ҳоли афзоиш қарор дорад.

Гуфтан ба маврид аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо талошу дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ  баръало эҳсос мегардад. Ҷавонон имрӯз соҳиби саводи баланд, касбу кори гуногун буда, дар пешрафти илму техника, ихтироъкориву навоварӣ саҳми арзанда мегузоранд. Онҳо дар озмуну мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, парчами давлатиро баланд мебардоранд, ки шоистаи таҳсину офарин аст.

Аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат сол то   сол барои дастгирии иҷтимоии ҷавонон ва боло бурдани ҳисси ватандӯстии онҳо стратегияҳо ва барномаҳои соҳавӣ қабул ва амалӣ мешаванд.

Аз ҷумла, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таъсиркунанда ҷиҳати тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандӯстӣ ва  муҳаббати онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, маърифатнокӣ, худогоҳӣ, инсондӯстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз таҳдидҳои замони муосир «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳал амалӣ  гардида истодааст. Илова бар ин, ҷиҳати амалишавии 10 самти афзалиятноки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон, ки аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» бармеояд, «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳал амалӣ гардида истодааст. Дар заминаи барномаи мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барномаҳои маҳаллии рушди иҷтимоии ҷавонон қабул ва татбиқ гардида истодаанд.

Дар охир баимзорасонии созишномаи ҳамкорӣ байни роҳбарони ҷавонони Осиёи Марказӣ дар назар дошта шудааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 14, 2023 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дар Душанбе байни дастаҳои мунтахаби Афғонистон ва Муғулистон бозии интихобӣ доир мешавад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои яклухт, чакана ва таъмири автомобилҳо афзудааст
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар Душанбе Чемпионати кушоди варзишӣ оид ба велосипедронӣ доир гардид
Бахшида ба Рӯзи Мавлоно дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамоиши бошукуҳ баргузор шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия баррасӣ гардид
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Олмон оғоз гардид
МУРОҶИАТНОМАИ ҶСК «БАРҚИ ТОҶИК» БА МУШТАРИЁНИ НЕРУИ БАРҚ
Беш аз 500 корманди Бонки миллии Тоҷикистон дар барномаҳои таълимии JVI такмили дониш намудаанд
Дастаи ҷудои Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон дар Португалия иштирок менамояд
Дар деҳаи Кули Ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт бинои нави таълимӣ барои 300 хонанда ба истифода дода шуд
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН– 2023. «Истиқлол» бар дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ғолиб омад
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Тоҷикистон доир шуд