Дар Душанбе Форуми волонтёрони Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 11.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр дар шаҳри Душанбе Форуми волонтёрони Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Дар кори он волонтёрони фаъол, ташкилоти волонтёрӣ, сиёсатшиносон ва дигар ҷонибҳои ҳавасманд аз давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамоянд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мақсад аз баргузории Форуми волонтёрони Осиёи Марказӣ муттаҳид намудани волонтёрон, ташкилоти волонтёрӣ, сиёсатшиносон ва ҷонибҳои ҳавасманд ҷиҳати омӯхтани равишҳои инноватсионӣ барои амалӣ намудан ва рушди фаъолияти волонтёрӣ, ташвиқи фаъолияти волонтёрӣ ҳамчун амали муҳим барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор мебошад.
Вазифаҳои асосии форуми мазкур аз мубодилаи таҷриба дар соҳаи таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои волонтёрӣ иборат буда, дар раванди баргузории форуми мазкур ҷонибҳо вобаста ба фаъолияти ҳаракатҳои волонтёрии давлатҳои худ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, дастовардҳои худро дар ин раванд муаррифӣ менамоянд.
Ҳамзамон иштирокчиёни форуми волонтёрони Осиёи Марказӣ атрофи масъалаҳои мубрам оид ба тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор тавассути якҷоя намудани саъю кӯшишҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар раванди таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштараки волонтёрӣ ибрози андеша менамоянд.
Ҳамзамон форуми мазкур ба пурзӯр намудани робитаҳои дӯстона ва фарҳангӣ байни ҷавонони Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






