Дар Душанбе масъалаи ифтитоҳи намояндагии Маркази чинии интиқоли технологияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 20.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ифтитоҳи намояндагии Маркази чинии интиқоли технологияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе яке аз масъалаҳое буд, ки зимни вохӯрии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода бо Директори генералии Маркази чинии интиқоли технологияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Ҷао Ҷунюан мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Маркази чинии интиқоли технологияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай муҳокима шуданд.
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе амалинамоии робитаҳоро дар соҳаҳои фанноварӣ, рақамикунонии соҳаҳои мухталифи идораи шаҳрӣ, тадбиқи лоиҳаҳои муштарак ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ таъкид намуд.
Ҳамзамон зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор намуданд.
АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд






