Дар Душанбе машғулияти байналмилалии омӯзишии «CollAsia 2023» оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 18.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Қоидаҳои илмии нигоҳубини коллексияҳо (CollAsia 2023)» — таҳти чунин унвон имрӯз дар Душанбе машғулияти байналмилалии омӯзишӣ оғоз гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ ва намояндагони давлатҳои Ҷопон, Дания, Малайзия, Сингапур, Филиппин, Ҳиндустон, Бруней, Бангладеш, Бразилия, Миср, Кения, Урдун, Покистон, Фаластин, Гвинеяи Нав, Тайланд, Узбекистон ва Сербия иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фариддун Кенҷаев иттилоъ дод.
Машғулият бо ташаббуси Осорхонаи миллӣ дар якҷоягӣ бо Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ (ICCROM) ва шарикии Институти миллии тадқиқотии мероси фарҳангии Ҷумҳурии Корея (NRICH) ва Маъмурияти мероси фарҳангии Ҷумҳурии Корея (CHA) бори нахуст дар байни давлатҳои Осиёи Миёна созмон дода шуда, то 6 октябр идома меёбад.
Иброз гардид, ки дар заминаи сиёсати фарҳангпарварона ва дастгириҳои мунтазами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ гардид. Ин дастоварди беназири соҳаи осорхонашиносии мамлакат имкон медиҳад, ки мутахассисони ҷавони соҳаи осорхонашиносӣ аз зумраи тармимгарон, таҳкимгарон, бостоншиносон, дизайнерон ва дигар бахшҳои ин соҳа дар даврҳои кӯтоҳмуддати байналмилалӣ иштирок намуда, донишу таҷрибаи тахассусии хешро мукаммал гардонанд.
Дар ин замина Осорхонаи миллӣ тавонист дар муддати кӯтоҳ дар якҷоягӣ бо Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ (ICCROM) бори нахуст дар мамлакат чунин машғулияти байналмилалии омӯзишӣ ташкил намояд.
Машғулият тавассути маърузаҳои сатҳи баланди интерактивӣ, машғулияти амалӣ, аз ҷумла кори гурӯҳӣ ва боздидҳои омӯзишӣ гузаронида шуда, иштироки кормандони бахшҳо ва фарҳангҳои гуногун муҳити мусоид фароҳам меорад. Давоми машғулият бо истифода аз захираҳои мавҷуда ва ташаббусҳои дахлдор алоқамандӣ дар байни илм ва нигоҳубини коллексияҳо дар заминаи маҳаллӣ омӯхта мешавад.
Иштирокдорон дар мисоли муассисаҳои худ сатҳу раванди омӯзиш, табодули таҷрибаҳо, пешниҳоди лоиҳа оид ба беҳтар намудани нигоҳубини коллексияҳо ва устуворӣ дар муассисаҳои худро, ки тавассути истифодаи усулҳои илмӣ амалӣ мегарданд, баён менамоянд.
Машғулият саводнокии илмӣ, иқтидори иштирокдорон ва муассисаҳои онҳоро баланд бардошта, ба онҳо имкон медиҳад, то падидаҳои марбут ба харобшавиро, ки ба коллексияи мероси онҳо таъсир мерасонанд, дарк ва устуворона идора намоянд.
Дар доираи машғулияти байналмилалӣ мутахассисони ботаҷриба аз Ҷопон, Дания, Малайзия ва Сербия бо иштирокчиён омӯзиш мегузаронанд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон










Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






