Дар Душанбе нахустин ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба гузаргоҳи мултимодалии «Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон- Туркия» доир мешавад
ДУШАНБЕ, 19.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр дар Душанбе нахустин ҷаласаи машваратии Гурӯҳи кории сатҳи баланд оид ба долони мултимодалии «Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия» (ТУТЭТ) баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Ҷаласаи машваратӣ таҳти сарпарастии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ — Economic Cooperation Organization, ECO) баргузор мегардад.
Мувофиқи тавсияи «Эъломияи Анқара», ки аз ҷониби маҷлиси 11-уми вазирони нақлиёти давлатҳои аъзои СҲИ 2 феврали соли 2022 қабул шудааст, қарор шуда буд, ки ҷаласаи машваратии Гурӯҳи кории сатҳи баланд ҷиҳати таҳияи барнома ва татбиқи лоиҳаи рушди роҳи автомобилгарди «Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия» (ТУТЭТ) ва долони нақлиётии мултимодалӣ таъсис дода шавад.
Интизор меравад, ки дар ҷаласа масъалаҳои рушд ва пешбурди гузаргоҳи байналмилалии транзитӣ бо мақсади зиёд намудани боркашонӣ ва сода кардани расмиёти савдо, бахусус барои давлатҳое, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд, баррасӣ шаванд.
Дар ҷаласаи якуми Гурӯҳи корӣ ба ғайр аз шахсони баландпояи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иштироки ҳайатҳои бонуфуз аз Эрон, Туркия, Узбекистон ва Туркманистон дар назар аст.
Масири нави интиқоли бор аз Чин ба Туркия тавассути Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон ва Эрон 18 октябри соли 2022 дар Душанбе дар ҷараёни Конфронси байналмилалии «Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа» муаррифӣ гардида буд.
АКС: Вазорати нақлиёти Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






