Дар Душанбе нахустин ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба гузаргоҳи мултимодалии «Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон- Туркия» доир мешавад

Сентябрь 19, 2023 14:48

ДУШАНБЕ, 19.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр дар Душанбе нахустин ҷаласаи машваратии Гурӯҳи кории сатҳи баланд оид ба долони мултимодалии  «Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия» (ТУТЭТ) баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Ҷаласаи машваратӣ таҳти сарпарастии Созмони  ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ — Economic Cooperation Organization, ECO) баргузор мегардад.

Мувофиқи тавсияи «Эъломияи Анқара», ки аз ҷониби маҷлиси 11-уми вазирони нақлиёти давлатҳои аъзои СҲИ   2 феврали соли 2022 қабул шудааст, қарор шуда буд, ки  ҷаласаи машваратии Гурӯҳи кории сатҳи баланд ҷиҳати таҳияи барнома ва татбиқи лоиҳаи рушди роҳи автомобилгарди «Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия» (ТУТЭТ) ва долони нақлиётии мултимодалӣ таъсис дода шавад.

Интизор меравад, ки дар ҷаласа масъалаҳои рушд ва пешбурди гузаргоҳи байналмилалии транзитӣ бо мақсади зиёд намудани боркашонӣ ва сода кардани расмиёти савдо, бахусус барои давлатҳое, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд, баррасӣ шаванд.

Дар ҷаласаи якуми Гурӯҳи корӣ ба ғайр аз шахсони баландпояи Вазорати нақлиёти  Тоҷикистон иштироки ҳайатҳои  бонуфуз аз Эрон, Туркия, Узбекистон ва Туркманистон дар назар аст.

Масири нави интиқоли бор аз Чин ба Туркия тавассути Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон ва Эрон 18 октябри соли 2022 дар Душанбе дар ҷараёни Конфронси байналмилалии «Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа» муаррифӣ гардида буд.

 АКС: Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

Сентябрь 19, 2023 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури гулобии тоифӣ аз Тоҷикистон ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Вазъи кунунии паркҳои технологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт
«Сомон Эйр» парвозҳои мустақимро дар масири Душанбе-Теҳрон ва Душанбе-Ҷидда барқарор менамояд
Тақвияти ҳамкории доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гардид