Дар Душанбе «Намоиши таомҳои миллӣ, идҳои тарбуз, харбуза, каду, себ, ангур ва Фестивали оши палав» бо шукуҳи хосса доир шуд
ДУШАНБЕ, 14.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсӣ»-и шаҳри Душанбе «Намоиши таомҳои миллӣ, идҳои тарбуз, харбуза, каду, себ, ангур ва фестивали Оши палав» доир гардид, ки дар он намояндагони баландпояи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон, роҳбарон ва намояндагони дигар вазорату идораҳо, намояндагону кишоварзону Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар»
Дар намоиш кишоварзони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маҳсули бо ранҷ парваридаи худро, ки хоси он минтақа мебошад, аз ҷумла намудҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили харбуза, тарбуз, каду, себ, ангур ва дигар меваву сабзавот, инчунин намудҳои гуногуни оши палов ва ҳунарҳои мардумӣ, ки ифодагари ҷашн мебошанд, пешниҳоди меҳмонону сокинони пойтахт гардониданд.
Ҳамзамон дар ҷашнгоҳ манораҳои калонҳаҷм аз тарбуз, харбуза, каду, себ, ангур, якчанд адад манораҳои хурд аз меваҳои гуногун, аз қабили нок, себ ва ангур, хаймаҳои таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сохта шуда буданд, ки манзури тамошобинон гардиданд.
Инчунин дар намоиш якчанд дег барои пухтани оши палов вобаста ба намуд ва минтақа гузошта шуда буд. Ошпазони моҳири тоҷик зимни пухтани намудҳои гуногуни оши палав тамоми санъати таббохии худро истифода намудаанд, ки бо дидани он сокинону меҳмонон ба ваҷд меомаданд.


Бояд гуфт, ки намоишҳои болозикр бо мақсади таъмини иҷрои баргузории ҷадвали фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, доир гардиданд.
Намоиш бо ибтикори Вазорати кишоварзӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст.
Ёдовар мешавем, ки дар фарҷоми «Намоиши таомҳои миллӣ, идҳои тарбуз, харбуза, каду, себ, ангур ва фестивали Оши палав» аз ҷониби Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба кишоварзони фаъол аз рӯи номинатсияҳо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим мегарданд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






