Дар Душанбе вобаста ба нақши Истиқлолияти давлатӣ дар рушди сиёсати иҷтимоӣ Конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 27.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 сентябр дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит зери унвони «Нақши Истиқлолияти давлатӣ дар рушди сиёсати иҷтимоӣ» бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Ректори ин донишкада Нусратулло Зокирзода хабар дод.
Дар кори конференсия муҳаққиқон аз институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Намояндагон аз шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Академияи миллии илмҳо, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатӣ ва дигар муҳаққиқон сухан гуфтанд.
Масъалаҳои муҳим, аз ҷумла Истиқлолияти давлатӣ- дастовард ва падидаи муҳим дар таърихи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолият- заминаи боэътимод баҳри рушди илму маориф, рушди неруи инсонӣ ва истеъдодҳо самти муҳимми сиёсати иҷтимоӣ, нақши озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар баланд гардидани маърифатнокии ҷомеа, зарурати рушди ҳунарҳои зеҳнӣ дар раванди таълим ва дигар мавзуъҳои муҳим дар ҳамоиш мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит








СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд






