Дар Душанбе вобаста ба нақши Истиқлолияти давлатӣ дар рушди сиёсати иҷтимоӣ Конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид

Сентябрь 27, 2023 17:48

ДУШАНБЕ, 27.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 сентябр дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит зери унвони «Нақши Истиқлолияти  давлатӣ дар  рушди  сиёсати иҷтимоӣ»  бахшида  ба  32-солагии Истиқлолияти  давлатӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ  «Ховар» Ректори ин донишкада  Нусратулло Зокирзода хабар дод.

Дар кори конференсия муҳаққиқон аз институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва  мактабҳои олии  ҷумҳурӣ иштирок  намуданд.

Намояндагон аз шуъбаи  дин, танзими анъана ва  ҷашну  маросими  Дастгоҳи  иҷроияи  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази  исломшиносӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну  маросим,  Академияи  миллии  илмҳо, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатӣ ва  дигар  муҳаққиқон сухан гуфтанд.

Масъалаҳои муҳим, аз  ҷумла Истиқлолияти давлатӣ-  дастовард ва падидаи  муҳим  дар  таърихи  муосири  Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолият-  заминаи боэътимод  баҳри рушди  илму  маориф, рушди  неруи  инсонӣ  ва  истеъдодҳо самти  муҳимми сиёсати  иҷтимоӣ, нақши озмунҳои  ҷумҳуриявӣ дар баланд  гардидани  маърифатнокии  ҷомеа, зарурати рушди ҳунарҳои зеҳнӣ дар  раванди  таълим ва  дигар  мавзуъҳои муҳим дар ҳамоиш  мавриди  баррасӣ  қарор  гирифтанд.

АКС: Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит

Сентябрь 27, 2023 17:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд