Дар Хоруғ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор шуд

Сентябрь 24, 2023 15:36

ДУШАНБЕ, 24.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баҳри ҷалби корҷӯён ба сохтмони иншооти ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ярмаркаи мазкур 20 ҷойи корӣ аз тарафи НБО-и Себзор, 20 ҷойи корӣ дар роҳи мошингарди Дарвоз — Ванҷ то сарҳади ноҳияи Рӯшон, 20 ҷойи корӣ дар сохтмони пули маҳаллаи Шарифобод ва шумораи зиёди ҷойҳои кории холӣ аз идораву муассисаҳои вилоятию шаҳрӣ пешниҳоди корҷӯён гардонида шуд.

Муроҷиаткунандагон дар асоси роҳхати бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хоруғ ба корхонаҳое, ки ҷойҳои кори холӣ пешниҳод намуда буданд, фиристода шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки чунин чорабиниҳо минбаъд низ дар шаҳри Хоруғ гузаронида мешаванд.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 24, 2023 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид