Дар Исфара бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64-и деҳоти Чоркӯҳ ба истифода дода шуд

Сентябрь 3, 2023 16:00

ДУШАНБЕ, 03.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Исфара бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64-и деҳоти Чоркӯҳ ба истифода дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Таъмиру навсозии бинои муассисаи мазкур дар маҳаллаи Сомониён бо дастгирии ҳамаҷонибаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Исфара ва  саҳми соҳибкорону сокинони маҳаллӣ амалӣ гардид. Он барои 270 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, аз 7 синфхона, ҳуҷраҳои корӣ ва китобхона иборат мебошад. Синфхонаҳои нав бо лавозимоти зарурӣ – мизу курсӣ, тахтаи синфӣ ва рафҳои китобмонӣ муҷҷаҳаз гардонида шудаанд.

1 сентябр дар ҷамъомади тантанавие, ки бахшида ба Рӯзи дониш дар ин боргоҳи маърифат баргузор шуд, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раёсати маориф, падару модарон ва меҳмонони зиёде иштирок намуда, устодону шогирдонро ба муносибати оғози соли нави хониш муборакбод гуфтанд.

Иброз гардид, ки дар фарҳанги миллӣ ва инсонгароёнаи халқи шарафманди тоҷик масъалаи мактабу маориф, рушди босуботи илму маърифат, мавқеи ифтихорӣ ва тарбияи устоду омӯзгор, эҳтироми хат ва китоб, мунтазам баланд бардоштани сатҳи саводнокии мардум ва ба талаботи замона мувофиқу муносиб намудани он мақоми хосаю созандаро соҳиб мебошанд.

Дар Тоҷикистон низоми маориф ва таҳсил дар мақоми аввал қарор дошта, мактабу маориф такягоҳи давлат ва тарғибгари ғояҳои навини он ба ҳисоб мераванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 3, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд