Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр ва Рӯзи дарҳои боз доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи китоб имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб» намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри нашриёти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Адиб», Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик», «Ирфон», «Адабиёт ва бачагона» ва нашриёти дигар баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар китобхонаи мазкур.
Дар намоиш-фурӯши китобҳо осори адибони классику муосири тоҷик ва ҷаҳон ба ҳаводорони китоб пешниҳод гардид. Ҳамзамон намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби ширкатҳо ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва литсейҳои пойтахт пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд. Зимни чорабинии мазкур ҳамчунин Рӯзи дарҳои бози Китобхонаи миллӣ эълон шуд, ки он ду рӯз идома хоҳад ёфт. Ҳунарнамоии ансамбли бачагонаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон аз дигар бахши Рӯзи китоб буд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзи китоб дар Тоҷикистон шуруъ аз 4 сентябри соли 2007 ид мешавад. Дар ин рӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуда буданд, ки 4 сентябри соли 2007 – рӯзи гузоштани хишти аввали Китобхонаи миллӣ Рӯзи китоб эълон шавад. Маросими ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз- 20 марти соли 2012 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Масоҳати умумии китобхона 44 ҳазору 78 метри мураббаъ буда, қисмати байни бино ду саҳифаи бозшудаи китобро ифода менамояд.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад






