Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр ва Рӯзи дарҳои боз доир шуд

Сентябрь 4, 2023 16:00

ДУШАНБЕ, 04.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи китоб имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб» намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри нашриёти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Адиб», Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик», «Ирфон», «Адабиёт ва бачагона» ва нашриёти дигар баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар китобхонаи мазкур.

Дар намоиш-фурӯши китобҳо осори адибони классику муосири тоҷик ва ҷаҳон ба ҳаводорони китоб пешниҳод гардид. Ҳамзамон намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби ширкатҳо ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва литсейҳои пойтахт пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд. Зимни чорабинии мазкур ҳамчунин Рӯзи дарҳои бози Китобхонаи миллӣ эълон  шуд, ки он ду рӯз идома хоҳад ёфт. Ҳунарнамоии ансамбли бачагонаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон аз дигар бахши Рӯзи китоб буд.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи китоб дар Тоҷикистон шуруъ аз 4 сентябри соли 2007 ид мешавад. Дар ин рӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуда буданд, ки 4 сентябри соли 2007 – рӯзи гузоштани хишти аввали Китобхонаи миллӣ Рӯзи китоб эълон шавад. Маросими ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз- 20 марти соли 2012 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Масоҳати умумии китобхона 44 ҳазору 78 метри мураббаъ буда, қисмати байни бино ду саҳифаи бозшудаи китобро ифода менамояд.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Сентябрь 4, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст
Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд