Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ҷиҳати таҳқиқ ва тармими созҳои миллии мусиқӣ озмоишгоҳи омӯзишӣ таъсис дода шуд

Сентябрь 22, 2023 11:08

ДУШАНБЕ, 22.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа  Сатторов озмоишгоҳи омӯзишӣ ҷиҳати таҳқиқ, таъмир ва тармими созҳои миллии мусиқӣ таъсис дода шуда, ба  фаъолият шуруъ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар ифтитоҳи озмоишгоҳи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Зулфия Давлатзода, кормандони раёсати муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии вазорат, профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Ҳадаф аз таъсиси  озмоишгоҳ — омӯзиш, таҳқиқ, таъмир, таҷдид ва ба талаботи замони муосир мувофиқ намудани созҳои миллии миллати тоҷик мебошад.

Таъкид гардид, ки ҷалби муҳаққиқон ва устоҳои бомаҳорати созҳои халқӣ имкон медиҳад, ки асбоби мусиқии дар тӯли таърихи бисёрасра ташаккулёфта дар заминаи технологияҳои муосир тарҳу садои нав пайдо намуда, дар шакли якканавозӣ, ансамблӣ ва оркестрӣ дар мамлакат мавриди истифода қарор дода шаванд.

Вазири фарҳанг бо синфхонаи лингофонии муҷаҳҳаз бо технологияҳои навин, ки бо дастгирии  Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» таъсис дода шуд, китобхонаи муассиса, дарсҳои таълимии оркестри симфонии донишҷӯён ва хори донишҷӯёни Консерватория, инчунин Консепсияи барномаҳои ҳунарӣ бахшида ба 20-солагии Консерватория шинос гардид.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Сентябрь 22, 2023 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд