Дар маҷаллаи «Trends» дар хусуси Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 бо иштироки Тоҷикистон мақола ба нашр расид

Сентябрь 25, 2023 17:14

ДУШАНБЕ, 25.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шумораи тирамоҳии маҷаллаи  маъруфи англисизабони «Trends»-и Эрон таҳти унвони «Шарҳи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 бо иштироки Тоҷикистон» мақола ба нашр расид. Мақола ба чорабиниҳои Конфронси оби СММ — 2023, ки аз 22 то 24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид, бахшида шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мақола атрофи ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, суханрониҳо дар доираи ин чорабинӣ ва чорабиниҳои канории он сухан меравад.

Дар он, аз ҷумла омадааст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вазъи мураккабу печидаи ҷаҳони имрӯза, мушкилоти марбут ба об, тағйирёбии иқлим, таъсири офатҳои табиӣ ба иқтисодиёту амнияти кишварҳо, иқдоми Тоҷикистон дар самти рушди иқтисоди “сабз” ва тавлиди энергияи “сабз” андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки “имрӯз захираҳои об зери таъсири амиқи таҳдиду хатарҳои гуногун қарор доранд ва ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум, бахусус амнияти озуқаворӣ, тавлиди неруи “сабз” ва пойдории табиат бетаъсир намемонанд”.

АКС аз рӯи мақола

Сентябрь 25, 2023 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид