Дар Муассисаи таҳсилоти №1-и ноҳияи Мастчоҳ Дарси сулҳ бошукуҳ доир шуд

Сентябрь 1, 2023 15:39

ДУШАНБЕ, 01.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи Насим Салимови шаҳраки Бӯстони ноҳия Мастчоҳ ба муносибати Рӯзи дониш бо иштироки  роҳбарияти ноҳия ва хонандагону омӯзгорон ҷамъомади идона доир гардид.

Гуфта шуд, ки дар партави таваҷҷуҳу дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ низ таъмиру навсозӣ ва ба истифода додани муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои томактабӣ бо маром идома дошта, сатҳи дониши хонандагон бамаротиб боло рафта истодааст. Дар ҷавоб ба чунин ғамхориҳо устодону омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф пурмаҳсул заҳмат кашида, дар натиҷа дастовардҳои соҳаи маориф сол аз сол бештар мегардад. Хонандагону толибилмони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз фанҳои гуногун ғолиб шуда, шарафи мактабу муаллим, падару модар ва зодгоҳу диёри худро баланд мебардоранд.

Ҳамзамон роҳбарияти ноҳия аз омӯзгорону устодон ва ҳамаи кормандони соҳаи маорифи ноҳия даъват намуданд, ки дар соли нави таҳсил баҳри тақвият додани дониши хонандагон, баланд бардоштани завқу салиқаи шогирдон, ҳамаҷониба омода намудан ва таъмини ғолибияти онҳо дар даврҳои ҷумҳуриявии озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» ва «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат», инчунин дигар озмунҳои фаннию таълимии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ саҳми шоиста гузоранд. Шогирдони донишманду хушахлоқ ва ватандӯсту ватанпарастро ба камол расонида, шуҳрати мактабу маорифи ноҳияро баланд бардоранд.

Пас аз анҷоми мулоқот роҳбарияти ноҳия ва намояндаи ҳукумати вилояти Суғд дар дарси сулҳ иштирок намуданд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи Насим Салимови шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ 992 хонанда дошта, дар соли таҳсили нав ба ин муассиса 125 хонанда ба синфи якум қабул шудаанд.

Соли равон беш аз 20 нафар хатмкунандагони муассиса ба донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳо дохил гардиданд. Дар муассиса дар айни замон 47 нафар омӯзгор фаъолият дорад.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ

Сентябрь 1, 2023 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол дар нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ 10 ҳазор ҷой зиёд ҷудо гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ Мактаби байналмилалии тобистона оид ба омӯзиши криосфера ба фаъолият оғоз намуд
«БЕҲТАРИНИ ОСИЁ – 2026». Навраси тоҷик сазовори ҷоизаи байналмилалӣ шуд
Моҳи ноябр доир ба саҳми Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои пешрафтаи Чину Ҷопон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 140 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунад
Дар Тоҷикистон барои хонандагони синфи якум давраи мутобиқшавӣ гузаронида мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 83 нафар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 187 муассисаи шакли нав фаъолият мекунад
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир мегардад
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи омӯзгории марказии Чин тақвият медиҳад
Барои омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хобгоҳи 10-ошёна сохта мешавад