Дар шаҳри Хоруғ Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз ёфт
ХОРУҒ, 26.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бо ҷалби 290 нафар довталабон аз рӯи 7 номинатсия баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Муовини раиси вилоят Абдулназар Абдулназарзода зимни мулоқот бо ҳайати ҳакамону довталабон изҳор намуд, ки «ин озмун дар асоси амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав эълон гардид».
Дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» 290 нафар ғолибони даврҳои шаҳриву ноҳиявӣ иштирок намуда, барои гирифтани роҳхат ба озмуни ҷумҳуриявӣ байни ҳам рақобат менамоянд. Озмун аз рӯи номинатсияҳои математика-арифметика, алгебра-геометрия, технологияи иттилоотӣ, физика-химия, география, биология–ботаника, зоология-анатомия ва ихтироъкорӣ-навоварӣ гузаронида мешавад.
Муовини раиси вилоят аз ҳайати ҳакамон хост, ки дар баҳогузорӣ ба дониш, маҳорату малакаи ҳар довталаб аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва довталабонро низ даъват намуд, ки агар ба баҳои гузоштаи ҳакамон норозӣ бошанд, бо аризаи асоснок ба Комиссияи тадорукот муроҷиат намоянд.
Муассисаи давлатии Мактаби президентии шаҳри Хоруғ синфхонаҳои фанниро пешакӣ бо маводи зарурӣ таъмин намуд, то довталабони озмун имконият дошта бошанд тамоми дониши назариявию амалии худро нишон диҳанд. Дар ин озмун 290 довталаб иштирок дорад ва пас аз се рӯз маълум хоҳад шуд, ки киҳо ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.
АКС: АМИТ «Ховар








Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд






