Дар шаҳри Истаравшан соли равон бунёди якчанд муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шудааст

Сентябрь 1, 2023 19:04

СУҒД, 01.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан дар баробари дигар муассисаҳои таълимии мамлакат Рўзи донишро бо тамошои дастҷамъонаи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара доир намуданд. Дар ин хусус хабарнигори минтақавиии АМИТ «Ховар» хабар дод.

Бояд гуфт, ки дар шаҳри Истравшан ҷиҳати таълиму тарбияи насли худогоҳу хештаншиноси даврони муосир даҳҳо муассисаҳои нави замонавӣ, садҳо синфхонаҳои иловагӣ ва дигар инфрасохтори асосиву ёрирасон бунёду мавриди истифода қарор гирифтанд.

Давоми 32 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Истаравшан ба шаҳри зебову дидании дорои корхонаҳои саноативу иқтисодӣ, маорифу тандурустӣ, кишоварзиву хизматрасонӣ ва фарҳангиву варзишӣ мубаддал гардид. Биноҳои зиёди бисёрошёнаи истиқоматӣ ва савдову маишӣ ба беҳтаршавии сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат намуда, садҳо километр роҳу пулҳои калони ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд ва мумфаршу таъмир гардиданд.

Соли нави таҳсили 2023-2024-умро хонандагону омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37-и деҳаи Вогати Ҷамоати деҳоти Сабристон дар бинои муосири сеошёнаи муҷаҳҳаз бо лавозимоти таълимӣ барои 960 нафар муҳассилин дар ду баст истиқбол мегиранд.

Бинои мазкур бо маблағи зиёда аз 9 миллион сомонии идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо тарҳи муосир ва зебо қомат афрохт. Ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии Гимназияи №1 ба номи академик Аҳрор Мухторов бо сарфи маблағҳои сарикасӣ, дастгирии Ассотсиатсияи падару модарон ва соҳибкорони сарбаланд бинои маҷлисгоҳ барои 200 ҷои нишаст ва китобхонаи электронии дорои 20 компютер бунёд гардид, ки дар Рӯзи дониш ба истифода дода шуд.

Бино ба иттилои сардори Раёсати маорифи шаҳри Истаравшан Сулҳиддин Аминзода, дар соли нави таҳсил бо кумаку дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан истифодаи 25 синфхонаи нав, толори варзишӣ, китобхона ва дигар инфрасохтори асосиву ёрирасон дар назар дошта шудааст. Бунёди ошёнаи дуюми бинои дорои 240 ҷои нишаст дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59-и ба номи Ҷалолиддини Балхӣ, 10 синфхонаи таълимӣ барои 500 ҷои нишаст дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и деҳаи Ободӣ, се кабинети фаннӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 ва се синфхона дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии№46 исботи ин гуфтаҳо аст.

Ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо харҷи маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Истаравшан, дастгирию кумаки ассотсиатсияи падару модарон, соҳибкорони маорифпарвар ва сокинони хайрхоҳ сохтмону мавриди баҳрабардорӣ қарор додани 3 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 боғча-кӯдакистон, 59 синфхонаи муосири иловагӣ, 5 толори варзишӣ, 3 китобхона, 6 майдончаи варзишӣ, 8 ошхонаи мактабӣ, навсозии пурраи биноҳои 5 муасссаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва беш аз 20 иншооти ёрирасон бо маром идома дорад.

Ёдовар мешавем,ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара иброз доштанд, ки «Рӯзи донишро имсол беш аз 2 миллиону 200 ҳазор нафар кӯдакону наврасони мамлакат пешвоз гирифтанд. Аз ин шумора беш аз 260 ҳазор нафар бори нахуст ба мактаб қадам гузоштанд.

Фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, зиёд кардани маблағгузории соҳаи маориф, давра ба давра баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон, зиёд намудани бурсияву стипендияҳо, аз ҷумла, стипендияи президентии «Дурахшандагон», ҷудо намудани квотаи президентӣ ва тадбирҳои дигар далели возеҳи таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таълиму тарбия мебошад».

Саъдулло МАҲКАМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан

Сентябрь 1, 2023 19:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид