Дар Вазорати нақлиёт бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ маҷлиси ботантана доир гардид

Сентябрь 9, 2023 16:44

ДУШАНБЕ, 09.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 8 сентябр дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантана баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони вазорат, фаъолон ва собиқадорони соҳа иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷаласаро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо муқаддастарин иди давлатамон — Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябр 32-солагии он ҷашн гирифта мешавад ва Рӯзи роҳсозони мамлакат, ки якшанбеи дуюми моҳи сентябр таҷлил меёбад, самимона табрику таҳният гуфт. Мавсуф бо мисолҳои мушаххас аз рушди соҳаи роҳу нақлиёт дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ёдовар шуд.

«Дар як вақт фаро расидани ин ду ҷашн то ҷое рамзӣ низ ҳаст, — иброз намуд Азим Иброҳим. — Зеро саҳми роҳдорону роҳсозон ва кормандони соҳаи нақлиёти мамлакат дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушду равнақи иқтисодиёти Тоҷикистон хеле калон аст».

Тавре таъкид гардид, дар тӯли 32 соли Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббусу дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон корҳои бунёдӣ ба сомон расонида шуданд. Аз ҷумла, дар 5 соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард, 237 пул, 2 чорроҳаҳои сесатҳа ва 2 дусатҳа, 6 нақби мошингузар, 3,4 км долонҳои зиддитармавӣ, инчунин 218,95 км хати роҳи оҳан, 5 пулу 3 нақби қаторагузар бунёду таҷдид ва 601 техника ва таҷҳизоти роҳнигоҳдорӣ харид гардид.

Ҳоло дар соҳа боз 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Дар се соли оянда 6 лоиҳа ба маблағи 7,4 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, 317 километр роҳи байналмилалии мошингард, 32 пул, 5 нақб бо дарозии 11,2 километр ва 7 долон ба истифода дода мешавад.

Дар ҳамоиш ба муносибати таҷлили 32- солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи роҳсозон кормандон ва собиқадорони соҳаи роҳу нақлиёт, ки дар рушди соҳа хизматҳои арзанда намудаанд, бо унвони «Роҳсози фахрӣ», «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷумла, 26 нафар бо нишони сарисинагии «Роҳсозӣ фахрӣ», 25 нафар бо «Ифтихорнома» ва 2 нафар бо «Сипоснома» -и Вазорати нақлиёти Ҷумхурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 9, 2023 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид