Дар водии Яғноби ноҳияи Айнӣ ду пули мошингузар ба истифода дода шуд

Сентябрь 26, 2023 16:18

ДУШАНБЕ, 26.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар минтақаи Даҳана ва Дуобаи водии Яғноби деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ ду пули мошингузар ба истифода дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Бунёди иншооти мазкур дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми деҳот тавассути дастрасӣ ба инфрасохтори деҳот дар водии Яғноб»​ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар ҳаҷми​ 525 ҳазор сомонӣ ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамкорӣ бо ташкилоти Агроаксияи Олмон дар ҳаҷми​ 920 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуд.

Дар натиҷаи сербориш омадани фасли зимистони соли гузашта роҳи водии Яғноб то моҳи май дастрас набуд. Корҳои асосии сохтмонӣ дар мавзеъҳои Даҳана ва Дуобаи водии мазкур моҳи июни соли равон оғоз гардида, корҳои васлу насби таҷҳизоти оҳану кафшергарӣ аз тарафи мутахассисони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Айнӣ ба анҷом расонида шуданд.​

Бо ба истифода додани ин пулҳо сокинони деҳаҳои болооби водии Яғноб пурра аз он истифода бурда, имконияти дастрасӣ ба роҳи мошингард то деҳаҳоро пайдо менамоянд. Инчунин пулҳои мазкур имконият медиҳанд, ки сокинон дар фасли зимистон бо маводи озуқа таъмин ва ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба водии Яғноб зиёд гардад.

Дар маросими ифтитоҳи пулҳо Раиси вилояти Суғд, намояндагони​ ташкилоти байналмилаливу шарикони рушд ва сокинони Яғноб иштирок намуданд. Сокинон аз бунёду ба истифодадиҳии пулҳои мошингузар изҳори хушнудӣ намуда, ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён доштанд.

Бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба бунёду сохтмони роҳу пулҳо эътибори зарурӣ дода, аз ҷумла ба масъулин дастур дода буданд, ки дар партави вусъати корҳои созандагиву ободонӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо истифода аз имконияту ташаббусҳои созанда корҳоро дар самти бунёду навсозии роҳу пулҳои дохиливу байни деҳаҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва марказҳои шаҳру ноҳияҳо фаъол гардонанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 26, 2023 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст