Дар Женева ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии меҳнат баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 22.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо Мудири Дафтари минтақавии Созмони байналмилалии меҳнат оид ба давлатҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Бити Андре мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии меҳнат, амалисозии барномаҳои мушаххаси ҳамкорӣ ва табодули таҷриба, инчунин масоили пешниҳоди ҳисоботи Тоҷикистон ба Конвенсияҳои Созмон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бояд таъкид намуд, ки Созмони байналмилалии меҳнат фаъолияти худро дар Тоҷикистон соли 2002 дар асоси созишномаи дуҷонибаи ҳамкорӣ оғоз намуд. Созмони байналмилалии меҳнат, пеш аз ҳама, фаъолияти худро дар Тоҷикистон ба пешбурди стандартҳо, принсипҳои бунёдӣ ва ҳуқуқҳо дар соҳаи меҳнат, кумак дар ҳалли проблемаҳои шуғл ва зиёд намудани даромади аҳолӣ, имконияти баробари мардон ва занон барои дарёфти ҷои кор ва ҳифзи пурсамари иҷтимоии коргарон равона намудааст.
Инчунин Созмони байналмилалии меҳнат ба беҳсозии дастрасӣ ба таҳсил ва сифати он, аз ҷониби ҷавонон аз худ намудани касбҳои фоидаовар бо имконияти минбаъд пайдо намудани ҷои кор бо мақсади пешгирии хавфи ҷалбсозии онҳо ба шаклҳои бадтарини кор диққати зиёд медиҳад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария








Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд
Афзалияти ҷашни бостонии тоҷикон–Меҳргон тавассути воситаҳои ахбори оммаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардид






