Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва БАТР масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 27.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрӣ намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.
Дар оғоз меҳмонон бо ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода бо Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои факултетҳои иқтисодии донишгоҳ ҷойгир аст, шинос шуданд.
Сипас дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён вохӯрии намояндагони Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд бо устодону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардида, таъкид шуд, ки вохӯрӣ ба такмил додани донишҳои молиявии мутахассисон мусоидат менамояд.
Дар зимн роҷеъ ба ҳамкорӣ ва мусоидати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар пешрафти самтҳои гуногуни минтақа, аз ҷумла иқтисоду иҷтимоиёт андешаҳои ҷолиб баён шуда, меҳмонону донишҷӯён ҷиҳати ҳамкории судманд, таъмини мутахассисон ба ҷойи кор, ҳамкорӣ дар самти лоиҳаҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд






