Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикон ҳамчун пешқадамони тамаддуни заминдорӣ ва кишоварзӣ эътироф шудаанд»

Сентябрь 8, 2023 10:34

ДУШАНБЕ, 08.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикон на танҳо миллати таърихан шаҳрсозу шаҳрнишин мебошанд, балки ҳамчун пешқадамони тамаддуни заминдорӣ ва кишоварзӣ эътироф шудаанд. Дар ин хусус имрӯз дар паёми шодбошии худ ба муносибати 32-солагии Истиқлоли давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд.

Ба таъкиди Сарвари давлат, баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон ислоҳоти куллии соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла ислоҳоти замин амалӣ гардида, фаъолияти соҳа ба шароити даврони муосир мутобиқ гардонида шуд.

«Имрӯз боғу киштзорҳои сарсабзе, ки бо заҳмати кишоварзон ва соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ бунёду обод шудаанд, на танҳо барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – ҳифзи амнияти озуқаворӣ саҳми бузург мегузоранд, балки ба сарзамини биҳиштосои мо ҳусни тоза мебахшанд», — тазаккур доданд Пешвои миллат.

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ рушди саноат ва гузаштан аз модели аграриву саноатӣ ба саноативу аграрӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат низ ҳадафи дигари стратегии миллӣ эълон гардид. Бо мақсади амалӣ намудани ин ҳадаф дар мамлакат то имрӯз садҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ бунёд шудаанд ва сохтмони боз садҳо иншооти истеҳсолӣ идома дорад. Ин раванд, илова бар ин ки саноатикунонии босуръати ҷумҳуриро таъмин менамояд, боиси ташкили даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ мегардад, ки дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ саҳми бузург ба ҳисоб меравад.

АКС аз бойгонӣ 

Сентябрь 8, 2023 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад