Форуми соҳибкорони ҷавони Осиёи Марказӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 14.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмиллалии наҷоти Арал дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони ҷавони Осиёи Марказӣ оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар кори он зиёда аз 50 нафар соҳибкорони ҷавон аз давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва табодули таҷриба менамоянд.
Форум ба пурзӯр намудани робитаҳои тиҷоратӣ байни соҳибкорони ҷавонони Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.
Ҳадаф аз баргузор намудани форуми мазкур баланд бардоштани неру ва ҳавасманд намудани ҷавонон ба фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таъмини муколамаи муфид байни соҳибкорони давлатҳо мебошад.
Ҳамзамон баргузории форум имкони татбиқи ҳамгироии иқтисодии ҷавонон ва мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ байни соҳибкорони ҷавони тоҷик бо давлатҳои Осиё мебошад.
Форум метавонад дар рушди малакаҳои соҳибкории ҷавонон, таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ, инчунин таҳкими муколама ва ҳамкории минбаъда байни давлатҳои Осиёи Марказӣ мусоидат намояд.
Бояд гуфт, ки Пешвои миллат пайваста дар ҳама баромадҳову суханрониҳои хеш ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории хурду миёна дар мамлакат таъкидҳо менамоянд.
Таъсиси грантҳои президентӣ, барномаҳои гуногуни дастгирии давлатии соҳибкорӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ», таъсиси фондҳои дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва ғайра аз қабили чунин тадбирҳои муҳим мебошанд.
Таъкид шуд, ки аз оғози замони истиқлолият рушди соҳибкориву сармоягузорӣ мавриди таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, ҳанӯз 11 августи соли 2001 мулоқоти нахустини Президенти мамлакат бо соҳибкорону сармоягузорон баргузор гардид. Ин барои гузаронидани ислоҳот ва фароҳам овардани шароити мусоид ба фаъолияти соҳибкорӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Метавон гуфт, ки баргузор намудани чунин форумҳо метавонад дар ҳавасманд гардонидани соҳибкорони навкор, пайдо намудани шарикони нави тиҷоратӣ ва амалӣ намудани ҳамкорӣ байни соҳибкорон мусоидат намояд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






