«ФУРӮҒИ СУБҲИ ТАНҲОӢ КИТОБ АСТ». Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло оид ба дастовардҳои тозаи ин озмуни ҷумҳуриявӣ
ДУШАНБЕ, 17.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар шаҳри Душанбе 8 рӯз- аз 14 то 22 август идома ёфт. Дар озмуни имсола дар пойтахт 357 нафар довталабон иштирок доштанд, ки аз онҳо 120 нафар ғолибият ба даст оварда, ҳама бо ҷоизаҳои пуливу ифтихорнома тақдир шуданд. Ҷолиб аст, ки барои бунёдгузории озмуни мазкур Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ҷудо ва сарф намуд.
Дар зер оид ба хусусият ва дастовардҳои тозаи озмуни шаҳрӣ андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло пешниҳод мешаванд.
— Ҷолиб аст, ки комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо сарварии муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён пешниҳодҳои ҳайати доваронро бо диққат омӯхта, беҳтарини онҳоро ба Низомномаи озмун дохил менамояд. Аз ҷумла, чанд пешниҳоди ҳайати ҳакамон дар мавриди ихтисор намудани гурӯҳи мактаббачагони синфҳои ибтидоӣ дар номинатсияи эҷоди насру назм, ки ҳанӯз малакаи зарурии эҷодӣ надоранд ва афзудани чунин гурӯҳ дар номинатсияи адабиёти ҷаҳонӣ; зиёд намудани як ҷойи дигари сеюм барои ғолибони ҳама номинатсияҳо ва бо дигар номинатсияҳо баробар намудани теъдоди ҷойҳои ифтихорӣ дар номинатсияҳои эҷодӣ: назму наср ва ғайра аз ҷониби Комиссия қабул гардидаву имрӯз амалӣ гаштаанд, ки ба манфиати кори озмуни номбурда мебошанд.
Аммо пешниҳодҳои дигаре ҳам ҳастанд, ки бояд мавриди андеша қарор гиранд. Масалан, хуб мешуд, агар минбаъд дар номинатсияи назм назми бачагона аз назми калонсолон ба гурӯҳҳои алоҳида ва ҷудо аз ҳамдигар табақабандӣ мешуданд, зеро ба ҳар ҳол дар адабиёти имрӯзаи мо ин жанрҳо аз ҳамдигар тафриқа доранд. Худи ҳамин, ки дар озмуни мазкур адабиёти бачагона аз адабиёти муосир ҷудо аст, далели гуфтаи мо мебошад.
Баъдан, пешниҳод менамоем, барои ҷон гирифтану минбаъд равнақ ёфтани ҳаҷви бадеии мо, ки имрӯз чун пешина ҳузури дурахшон надорад, жанри ҳаҷв номинатсияи алоҳида эълон гардад, лоақал як номинатсияи умумӣ барои ҳама синну сол, яъне номинатсияи ҳаҷв, бе тақсимбандӣ ба синну солу гурӯҳҳо, ҳамагӣ бо шаш ҷой: як ҷойи аввал, ду ҷойи дуюм ва се ҷойи сеюм.
Ин хуб аст, ки бо истиқболу пешиҳодҳои муфид, ки дар асоси таҷрибаҳои солҳои аввал рӯ задаанд ва аз ҷониби аъзои Комиссияи озмун дастгирӣ меёбанд, озмуни мазкур пайваста комилтару фарогиртар мешавад.
Азбаски банда узви ҳакамон дар номинатсияи назм будам, мехоҳам чанд таассуроти худро аз даври навбатии ин озмун баён намоям, бо умеди он ки ба манфиати кор ва равнақи минбаъдаи он шавад.
Албатта, номинатсияҳои эҷодӣ — ҳам наср ва ҳам назм дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз дигар номинатсияҳо хеле фарқ дошта, ҷойгоҳи хосса доранд ва талабот ба онҳо бештару иҷрои он вазнинтар аст. Ин ҷо такя асосан на ба маҳсули хонишу омӯзиш, ҳофиза ва сатҳи қабули асарҳои адибон аз ҷониби довталабон мешавад, ҳарчанд инҳо ҳам дар номинатсияҳои эҷодӣ хеле муҳим мебошанд, балки асоси номинатсияи эҷодӣ санҷиши истеъдоди фитрӣ ва қобилияти эҷодӣ мебошад. Маълуму мусаллам аст, ки ҳузури истеъдод дар инсон табиӣ ва худодод аст. Яъне завқи табиии истеъдод, бинишу андешаи зотии эҷодӣ дар ин номинатсия хеле муҳим мебошанд. Довталаб метавонад хеле китоб хонда бошад, донандаи хуби забон ва адабиёт бошад, қонунҳои шеър, яъне вазну қофияро ҳам фаро гирифта бошад, ки хеле хуб аст, аммо агар тахайюли шоирона ва истеъдоди фитрии эҷодӣ надошта бошад, душвор аст муваффақ шавад, зеро ин сифатҳои табиӣ бояд дар бунёди инсон вуҷуд дошта бошанд. Дар мавриди набудани ин сифат дар сиришти довталаб, барои касе, ки ба ин роҳ рафтаасту мақсади шоир шудан дорад, пешакӣ бояд гуфт, ки мушкил аст ба мақсад бирасад; бо кӯшишу ғайратҳои фарвон шояд аз ӯ нозим барояд, аммо барои шоир шудан як сиришти табиӣ ва худодод даркор аст, ки танҳо бо омӯзиш ба даст намеояд. Ин суханҳоро гуфтан ба хотири он аст, ки кӯдакону ҷавонони мо аз ҳозир бояд роҳи дурустро интихоб намоянд, то фардо роҳгум назананду баъд дер нашавад. Мақсади рӯи кор овардани ин номинатсияҳо дар озмун низ ҳамин аст: роҳнамоии дурусту бехато аз ҳозир.
Ҷойи якумро дар гурӯҳи донишҷӯён донишҷӯи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Мавҷуда Шарипова бо тахаллуси Шаҳёд сазовор гардид. Шаҳёд аз шоираҳои ҷавони умедбахш аст, ки ашъораш дар нашрияҳои адабии мамлакат низ ба табъ мерасанд. Ин худ гувоҳи истиқбол аз шеъри ӯ аст ва банда дар мақолае, ки шеъри соли ҳафтавори “Адабиёт ва санъат”-ро мавриди баррасӣ қарор дода будам, ба шеъри ӯ назари нек андохтаам. Дар сафи донишҷӯён Қиём Парвиз, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Туҳфа Муқимзода, донишҷӯи Академияи идоракунии давлатӣ, Шукрона Самадзода, донишҷӯи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ва Таманно Нурбекова-донишҷӯи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро дар қатори беҳтаринҳо метавон ном бурд.
Ҷойи якумро дар номинатсияи омӯзгорон, ходимони илмию эҷодӣ ва мардуми гуногункасб Бахтиёр Раҳмонов — сармутахассиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовор гардид. Бояд гуфт, ки дар ин номинатсия низ ба мисли Фаридаи Давлат, Нуралӣ Хоркашов, Фирӯз Азизов, Шаҳло Тӯраева ва дигарон шоирони нисбатан омодаву баркамол ҳузур доштанд, ки сазовори ҷойҳо гардиданд.
Дар мавриди Бахтиёр Раҳмонов ба хотири он мехоҳам алоҳида ибрози андешаҳо намоям, ки аз навиштаҳои ӯ насими тоза ба машом мерасад. Бахтиёр солҳои гузашта низ дар озмуни мазкур иштирок дошт ва ҳамчун барандаи ҷойи ифтихорӣ дар озмуни шаҳрӣ дар марҳилаи ниҳоӣ- ҷумҳуривии озмун иштирок намуд ва банда дар шеъри ӯ ҳамин кӯшишҳои тозаҷӯиву тозаофариро мушоҳида намуда, баъзе раҳнамоиҳо карда будам.
Бисёр ҷолиб аст, ки Бахтиёр дар ин байн бо дарки дурусти он раҳнамоиҳо хеле кӯшидааст, ки ба натиҷаҳои хубе бирасад. Он чӣ дар навиштаҳои Бахтиёр ҷолиб аст, кӯшиши баёни андешаи шоирона ба тарзи хоси худ мебошад. Он сифате, ки барои шеъри муосири мо бисёр зарур аст. Барои нишон додани ин сифати шеъри Бахтиёр як назари иҷмолие ба шеъри ӯ метавон андохт.
Дар васфи Ватан зиёд гуфтаанду мегӯянд, ки аксар такрори гуфтаҳои ҳамдигарӣ аст. То ин ки дар ин мавзуъ муваффақ бишавӣ, ё тасвире тоза бояд ёфт ва ё самимияте, ки касро фаро бигирад. Дар ғазали “Замзамаи намурдан” Бахтиёр ин кӯшишро намудааст:
Меҳан, ба роҳи ҳифзи ту мурдан намурдан аст,
Ҷони азизи хеш супурдан намурдан аст.
Андар ҷаҳони ҳодисахези зи фитна пур
Макру фиреби ғайр нахӯрдан, намурдан аст.
Аз ҷаҳлу чанги наҳси таассуб раҳида, пас
Худро ба дасти илм супурдан, намурдан аст…
Ҷолиб ин аст, ки ӯ содаву одӣ, бе суханони обшуста ва ё болохонадор андешаи бақо ёфтан дар Ватанро сурудааст. Имрӯз кӯшиши ба тарзи хоси худ, ношабеҳи дигарон ибрози андеша доштан барои шеъри муосири мо хеле муҳим аст. Зеро танҳо ҳамин кӯшиши ҷустуҷӯву навоварӣ аст, ки ба шеъри имрӯзӣ як тозагӣ мебахшад.
Бахтиёр дар шеъри “Кимиё” мегӯяд:
Биё, як бор коре карда, боронро бихандонем,
Бад-ин шоистасабки тоза имконро бихандонем.
Он чи ин ҷо ҷолиб аст, кӯшиши муаллиф дар баёни ғайримаъмулӣ аст. Дар назари аввал “хандондани борон” ё “хандондани имкон” шояд сухане сохта тобад, аммо пас аз таҳаммуле, метавон ин тасвирро қабул намуд, яъне инсон вақте худаш хандон аст, атрофаш низ метавонад хандон бошад. Ғайри маъмулӣ аст ва муҳим дар ин гирумон кӯшиши тарзе дигар тасвир додани андеша аст:
Ба болини ду чашми хеш хоби худ бихобонем,
Ба бедории қалби пок виҷдонро бихандонем.
“Хобондани хоб ба болини чашм” аз ҳамон кӯшишҳои тозабаёнӣ аст ва “хандондани виҷдон”-ро ба бедории қалби пок, ҳарчанд ғайримаъмулист, низ метвон мантиқан қабул намуд.
Ва ё бубинед, “хандондани пораи нон” дар ин байт маънӣ пайдо менамояд:
Агар ин лаҳза моро як на, балки пораи нон аст,
Ба рӯи хони худ ин пораи нонро бихандонем.
Ғазале, ки “Хариду фурӯш” ном дорад, бо тарзи баёну андешаи ғайриинтизори худ ҷолиб аст. Зеро ҳама аз ғам мегурезанду шодӣ мехаранд, аммо қаҳрамони мо ба харидани ғам омадааст ва агар шумо пурсед: чаро?, дар идомаи ғазал посухи онро меёбед:
Бо симу зар, ки омадаам ғам хариданӣ,
Ғамро зи қалби мардуми олам хариданӣ.
Лабханди худ ба гиряи чашми ту доданӣ,
Ё қатра-қатра ашки ту шабнам хариданӣ…
Ғамро аз касон харидани муаллиф ба хотири он аст, ки бори ғам аз дӯши дигарон бардошта шавад ва шоири ҷавон боз ҳам фаротар меравад:
Эй дӯст, аз ту то бишавӣ сарбаланди даҳр,
Ҷойи сари баланд сари хам хариданӣ.
Қаблан рисолаилм харидам, вале кунун
“Олим” фурӯхтанияму Одам хариданӣ,
ки ишораест ба моҷарои қаллобӣ дар соҳаи илму дарёфти унвон. Ва хулосаи ин ғазал чунин аст:
Азбаски мефурӯшаму азбаски мехарам,
Бисёри худ супурда, зи ту кам хариданӣ,
ки як руҳияи ҷавонмардиро тарғиб менамояд.
Аз ғазалҳои Бахтиёр метавон боз далелҳои дигаре овард, ки кӯшишҳои ба тарзи хоси худ баён намудани тасвиру андешаро доранд. Вале чанд сухан метавон дар мавриди рубоӣ ва дубайтиҳои ӯ гуфт, ки низ моро умедвор менамоянд, ки ин адиби ҷавон, дар ҳолати пурра худро ба заҳмати шоирӣ бахшидан метавонад дастовардҳое барои хонанда ба армуғон орад.
Масалан:
Ёде чу намекунӣ гаҳе ёронро,
Таҷруба накардаӣ ғами ҳиҷронро,
Бо чашми зи ҳаҷри ёр норехта ашк
Бешак, монӣ баҳори беборонро.
Тасвири “баҳори беборон” дар мавриди тасвири ин ҳолат, ки ҳосили табъи адиби ҷавон аст, гумон мекунам бамаврид аст.
Истифодаи санъатҳои шеъриро низ метавон дар рубоиёти ӯ мушоҳида намуд:
Сармояи ман ба чашми авбош мабин,
“Аз ман бошад” гуфта, “эй кош” мабин.
Эй он, ки чу майли ошноӣ дорӣ,
Дар вожаи ошно фақат “ош” мабин.
Дар рубоии боло вожаи “чу” бемавриду зиёдатӣ аст, аммо бо андешаи шоиронаву пандомез рубоӣ хонданист.
Рубоии дигаре, ки бо тасвири ҳадафноку андешапарвари худ ибратомӯз аст:
Як марди раҳе чунин бифармуд, эй дӯст,
“Аз қаҳру ғазаб набошадад суд, эй дӯст,
Ҳаргиз натавонӣ ба касе даст диҳӣ,
Бо мушти баҳамфишурдаи худ, эй дӯст”.
Дар мариди ибрози муҳаббати худ ба Душанбе сухани шоиронаи худро мегӯяд:
Залилу бемадорам бе Душанбе,
Ҳамеша бебарорам бе Душанбе,
Миёни рӯзҳои ҳафтаи умр
Душанбее надорам бе Душанбе.
Чанд байти дигареро ҳам аз рубоиёти Бахтиёр далели шоирона андешидани ӯ меорем:
Ту омадию ғами дилам танҳо монд,
Ман бо ғами хеш бевафоӣ кардам.
***
Ҳамроҳ ба зодрӯзи модарҷонам
Наврӯзи Аҷам ҳаштуми январ омад.
***
Дар филми хаёли ман ба шабҳо то кай
Дар нақши ту бозӣ менамояд болишт?
***
То мурдани хеш шоду масрур бизӣ,
Ҳар лаҳза зи бими марг номурда намур.
Чунин далелҳои андешаронии шоиронаро дар дубайтиҳои шоири ҷавон низ метавон пайдо кард:
Гуливу хона дар гулшан надорӣ,
Ғаме аз баҳри пажмурдан надорӣ,
Ба домонат чу хоҳам ганҷ резам,
Дареғо, нозанин, доман надорӣ.
Манзур, ишора дар байти дуюми ин дубайтӣ аст, ки маъное таҳтонӣ дорад. “Доман надоштан”-и духтарони имрӯзӣ ишора ба дур рафтан аз либоспӯшии суннатӣ ва гаравиш ба либоси ғайримиллӣ аст.
Ва ё ин ишора ба ҷаҳони маҷозӣ ва таъсири он ба рӯзгори воқеӣ:
Ҳавасбозон дигар мурдан надоранд,
Ғаме аз баҳри ғам хӯрдан надоранд,
Зи дасти номабарҳои маҷозӣ
Кабӯтарҳо хати бурдан надоранд
Шоир ишора ба истифодаи имконияти интернетӣ дар телефон: имо, вайбер, ватсапт, телеграм дорад ва ба ин васила як ҳавои имрӯзӣ ба баёни андешаи худ додааст.
Мутаассифона, фурсате нест, ки дар бораи манзумаи ҷолиби “Фаришта ва Шайтон”, ки муаллиф бо ҷамъбасти хеле ҷолиб онро ба хотима мерасонад, батафсил сухан гӯем. Махтасар чунин аст, подшоҳе дар суроғи беҳтарин рассом буд, то тавонад акси Фаришта ва Шайтонро бо беҳтарин ангезаҳо ба тасвир орад. Рассом пас аз ҷустуҷӯву андешаҳои зиёде кӯдаки зебоеро мебинаду бо ҳавас ба тасвири ӯ мепардозад:
Тифлро дар пеши рӯи худ нишонд,
Мӯқаламро рӯи авроқаш давонд,
Бо ҳавас ӯ тори илҳомаш навохт,
Чун намод аз рӯи ӯ афришта сохт.
Шоҳ чун дид ин намоди беҳтарин,
Гуфт: “Рассомо, ҳазорон офарин!
Яъне ин тасвир чун акси Фаришта аз ҷониби шоҳ истиқбол меёбад. Сипас шоҳ талаб мекунад рассом тасвири Шайтонро бисозад. Аммо барояш ёфтани чеҳраи бад, монанд ба Шайтон душвор мешавад. Ӯ хеле ҷусту як шайтоннамо пайдо накард. Аз миён чил сол мегузарад, лек ӯ наметавонад тасвири Шайтонро рӯи коғаз оварад. Шоҳ ҳамоно талаб менамуд. Сипас.
Чун зи қасри шаҳ бурун гашту бидид,
Пеши ӯ оворагарде шуд падид.
Ӯ зи мӯътодӣ басо бадранг буд,
Чеҳрааш захмину пурожанг буд.
Дар танаш коло, вале бибридае,
Мӯйи сар беназму ҳам жӯлидае.
Пайсааш доду бигуфто:”Марди ранҷ,
Хоҳише дорам зи ту, аммо маранҷ.
Аз ту нақшеро бисозам ин замон,
Чун намоде расми Шайтонро, бидон!”
Мард ҳам аз он ки бас муҳтоҷ буд,
Пайсаро бигрифту розӣ гашт зуд.
Рассом чун ба кашидани тасвир сан намуд, он марди овора ба ногаҳ бо оҳу фиғон бо ҳама вуҷуд ба гиря даромад. Рассом ҳайрон шуду сабаби гиряи ӯро пурсид. Ва ҷавоби он овора ғайри чашмдошт чунин буд:
“Кӯдакиҳоям инак омад ба ёд,
Дод аз дасти замон, сад вой, дод.
Ман ҳамон тифлам,ки ту чил сол пеш
Кардӣ тасвирам Фаришта баҳри хеш..
Эй биё, инак, бубин, аз феъли бад,
Як фаришта оқибат Шайтон шавад”.
Ҷамъбасте бисёр аҷоибу пандмез. Яъне як инсон метавонад ҳам Фаришта бошаду ҳам Шайтон. Сарфи назар аз норасоиҳое ҷо-ҷо дар ибрози баён шоири ҷавон тавонистааст ҷамъбасти бисёр хуби шоирона биёбад ва ин яке аз беҳтарин манзумаҳое (достонҳое) буд аз ҳама он чи дар ин озмун пешниҳод шудаву мо хонда будем.
Хулоса аз ин навишта он аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки бо ҳидояту дастгирӣ ва ҳадафҳои дурбинонаи Пешвои миллатамон рӯи кор омада буд, дар ин чаҳор соли амалӣ шудани худ натиҷаву самараҳои хеле хубу ҷолиби худро дод, ки яке аз онҳо кашфу дарёфту рӯи кор омадани истеъдодҳои ҷавон, хусусан дар номинатсияҳои эҷодӣ мебошад.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз